Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси OSCE бо сарони Тоҷикистон аз интихобот ва матбуоти озод ҳарф зад


Раиси Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА ва ё OSCE) Дмитрий Рупел дар мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳукуматдории хуб, интихоботи демократӣ ва озодии матбуот барои таъмини субот дар ҷомеъаи тоҷик ва ҷалби кӯмаку сармоягузориҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон аҳамияти ҳалкунанда доранд. Вазири корҳои берунаи Словения гуфт, равандҳои солими интихоботӣ дар Тоҷикистон ислоҳоти минбаъдаи қонуни интихобот, ислоҳ ва тамрини масъулони интихобот ва озодии бештари матбуоти мустақилу ҳизбҳои сиёсиро тақозо мекунанд. Вай афзуд, OSCE омодааст, дар ислоҳи камбудиҳои интихоботи порлумонии 27-уми феврал барои оянда ба Тоҷикистон мадад расонад. Рупел инчунин аз мақомоти Душанбе хост, додани иҷозаи корро ба расонаҳои электронии ахбори ом, яъне радио ва телевизионҳои хусусӣ осонтар кунанд. Вай илова кард, ки Тоҷикистон бояд дар мубориза зидди фасоду ришва хабарнигории мустақил ва пажӯҳиширо пуштибонӣ намояд.
Баъд аз мулоқот бо Раҳмонов Рупел бо хабарнигорон вохӯрд ва гуфт, бар замми гуфтушуниду созишҳои дигар, масъалаи минаҳои марзи Тоҷикистону Ӯзбакистонро расман ва дар сатҳи байнулмилал ба миён хоҳад гузошт. Вай афзуд, ин як масъалаи ҷиддист ва ӯ ба президент Раҳмонов ваъда додааст, ки дар ин бора ба раисиҷумҳури кишвари ҳамсоя нома фиристода, масъаларо дар дафтари марказии САҲА дар Вена баррасӣ хоҳад кард. Дар минаҳое, ки Ӯзбакистон дар сарҳади ҳанӯз номуайян ва беаломаташ бо Тоҷикистон гузоштааст, зиёда аз 80 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва маъюб шудаанд.
Рупел, ки акнун сафарро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон идома медиҳад, пеш аз парвоз аз Душанбе, ҳамчунин гуфт, минтақа як давраи таърихии бисёр пуршиддатро аз сар гузаронд ва дар марҳилаи ҳозира хатари бесуботӣ ба он таҳдид намекунад.
XS
SM
MD
LG