Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбати телефонии президентҳои Русия ва Тоҷикистон


Шоми 18-уми апрел сӯҳбати телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва президенти Русия Владимир Путин баргузор шуд. Дар ин гуфтугӯ ду сарвар ҷараёни иҷрои созишҳоеро баррасӣ карданд, ки дар аввали моҳи апрел дар Сочи ба даст омада буданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Русия хабар дода, аз тафсилоти бештар худдорӣ намудааст.
Се созиши Тоҷикистону Русия дар ҳафтаи гузашта ба марҳилаи иҷро ворид шуданд. Маркази дидбонии кайҳонии Норак пурра ба моликияти Русия табдил ёфт, назорати бахши дигар аз марзи Тоҷикистону Афғонистон ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузашт ва кори амалии ду кишвар дар идомаи сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда оғоз ёфт. Аммо озодии раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз тарафи мақомоти додситонии Русия ва норозигии Тоҷикистон аз ин иқдом ба сифати ҷиддитарин масъалаи рӯз дар байни ду кишвар боқӣ мондааст.
Дар посух ба норозигии мақомоти Тоҷикистон, намояндаи баландпояи додситонии кулли Русия гуфтааст, боздошти такрории Искандаров ва супурдани ӯ ба дасти мақомоти Тоҷикистон ғайримумкин аст.Тоҷикистон Искандаровро дар терроризм, нигаҳдошти ғайриқонунии силоҳ ва сӯиистифода аз мансаби давлатӣ абйдор мекунад. Ҳизби демократи Тоҷикистон ин айбномаро сиёсӣ мешуморад ва мегӯяд, Искандаров рақиби Раҳмонов дар интихоботи ояндаи президентӣ хоҳад буд.
Президентҳои Тоҷикистону Русия рӯзи 4-уми апрел сӯҳбати телефонӣ доштанд ва 6-уми апрел мулоқоти онҳо дар Сочи баргузор гашта буд.
XS
SM
MD
LG