Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши додситонии Суғд ба рӯзноманигорони вилоят


Абдуғаффор Қаландаров, додситони нави вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ самтҳои авлавиятноки фаъолияти мақомоти додситонии устонро ҷилавгирӣ аз афзоиши қочоқи занон ва муҳоҷирини кории тоҷик, коҳиши фасоду ришвахорӣ дар иқтисоду хоҷагидорӣ ва мубориза алайҳи гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро номид.
Оқои Қаландаров дар мавриди густариши қочоқи ҷавонзанон ба хотири танфурӯшӣ гуфт:

«Ин ҷиноят хусусияти муташаккил ва иттиҳоди ҷиноӣ касб карда истодааст. Гурӯҳҳои муайяни афрод занони нодор ва шароити иҷтимоиашон бадро пайдо, онҳоро (ба танфурӯшӣ) моил, гурӯҳи сеюм ба воситаи кормандони шӯъбаҳои шиносномадиҳии милиса барои онҳо шиносномаҳои хориҷӣ омода ва боз як гурӯҳ онҳоро бо роҳҳои ҳавоии шаҳрҳои Ӯш, Тошканд ва ё Хуҷанд барои водор намудан ба танфурӯшӣ ба шаҳри Дубай равон мекунанд. Фақат дар як моҳи ахир мо понздаҳ нафар чунин занонро ба ҳабси пешакӣ гирифтем.»

Додситони вилояти Суғд ба унвони ҳаракати тундгаро танҳо аз "Ҳизб-Ут-Таҳрир" ном бурд ва аммо аз гурӯҳи мавсум ба «Байъат» танҳо ба унвони як иттиҳоди ҷиноии ғайрисиёсӣ ва ғайримазҳабӣ ном бурд: «Омӯзиши мо нишон дод, ки ба ғайр аз як иттиҳоди ҷиноии гурӯҳи афрод дигар ҳеҷ як созмон ва ё ҳизби ғайриқонунии сиёсиву мазҳабӣ бо номи «Байъат» вуҷуд надорад. Ҷиноятҳои содиркардаи ин гурӯҳ бар зидди низоми давлати Тоҷикистон ва барҳам задани сулҳу субот дар кишвар сурат нагирифтаанд ва ба қатори ҷиноёти маъмулӣ, аз қабили дуздиву ғорат дохил мешаванд. Яъне ҷиноятҳои ин гурӯҳ хусусияти диниву мазҳабӣ надорад. Дар бораи "Ҳизб-Ут-Таҳрир". Фаъолияти ин ҳаракат дар ҳақиқат ба давлати Тоҷикистон хатар дорад, аммо ҷиноятҳои вазнине содир мешаванд, ки хатари онҳо аз "Ҳизб-Ут-Таҳрир" бештар аст, ба мисли ҷиноёти иқтисодӣ, ки ба хоҷагии кишвар миллионҳо доллар зарар меоваранд.»

Абдуғаффор Қаландаров курсии додситонии Суғдро моҳе қабл, баъди вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шудани Тоҷидин Тӯраев - додситони пешини Суғд, аз рӯйхати Ҳизби халқӣ - демократии кишвар, ишғол кардааст.
XS
SM
MD
LG