Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирати афзояндаи занони тоҷик ба Русия


Тибқи иттилои вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар 2 моҳи соли равон раёсати муҳоҷирати вазорати мазкур, беш аз 200 нафарро ба қайд гирифтааст, ки мехоҳанд ба муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар бираванд ва дар миёни онҳо 8 дар садашонро занон ташкил мекунанд. Анвар Бобоев - сардори раёсати муҳоҷирати вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, беш 90 дар сади ин одамон хоҳиши ба Русия рафтанро доранд.

Ба гуфтаи ӯ, мушовирони вазорат ин афродро бо шарту шароити муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷа ва қавонини байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи муҳоҷир, ошно менамоянд. Аммо мегӯяд Анвар Бобоев, занҳое, ки ғайриқонунӣ, ё бидуни қайди вазорати кор муҳоҷират ихтиёр мекунанд, бо мушкилоти мухталиф рӯ ба рӯ мешаванд. Оқои Бобоев меафзояд: "Масалан наздикони онҳо ҳатто намепурсанд, ки ягон суроға дорӣ, забони русиро медонӣ, ё ягон касбу ҳунар дорӣ?"

Дар ҳамин ҳол Музаффар Зарифов - мудири Маркази иттилоотии Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, кордиҳандагон бо истифода аз бемаърифатии ҳуқуқии муҳоҷирон онҳоро азият мекунанд ва бидуни пардохти музд кор мефармоянд ва ба ғулом табдил медиҳанд.

Зарина Набиева 30-сол дошта модари чаҳор фарзанд аст. Вай мегӯяд, барои нахустин бор сафар мекунад ва намедонад ӯро дар мусофират чӣ пешомаде интизор аст. Вақте соли гузашта мегӯяд хонум Зарина, шавҳараш барои дарёфти пул ба Русия рафта баъди 8 моҳи сарсониву бекорӣ, бе ҳеҷ маблағе ба хона баргашт, вай қарор дод, ки худаш ба Русия равад, зеро аз чандин касон шунидааст, ки дар Русия ба занҳо нисбат ба мардҳо кор кардану маблағ ёфтан, осонтар аст: "Медонам, ки душвор аст, аммо чӣ кор кунам, илоҷи дигар надорам."

Мусоҳиби дигари мо Гулниссо, чиптаи ҳавопаймои хатти сайри Душанбе-Екатеринбургро дар даст дошт.
Вай мегӯяд бори дуввум ба Русия меравад: "Ман 6 фарзанд дорам ва зани танҳоям. Соли гузашта ба Русия рафтам азоби бисёр кашидам, маро ба қайд нагирифтанд, дар таҳхонаҳо мехобидам, аммо роҳи дигаре надорам, маҷбурам, ки имсол ҳам равам."

Ба гуфтаи Анвар Бобоев - сардори раёсати муҳоҷирати вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар соли 2004 ҳудуди 3000 муҳоҷирон ба намояндагиҳои ин вазорат дар Русия аз мушкилоти ба сарашон омада шикоят бурдаанд, ки дар миёнашон занҳо низ будаанд. Тибқи иттилои Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират, ин созмон дар ҳамкорӣ бо вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран ҳудуди 2000 нусха дастурро оид ба қавонини ҷаҳонии муҳоҷират ва ҳуқуқи муҳоҷири корӣ нашр намудааст, ки ройгон тақсим карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG