Пайвандҳои дастрасӣ

Корҳои амалии сохтмон дар нирӯгоҳи Сангтӯда шурӯъ шуданд


Зимни сафари як ҳайъат аз ширкати саҳҳомии шабакаи воҳиди инержии "ЕЭС Россия" таҳти сарварии раҳбари он Анатолий Чубайс рӯзи 15-уми апрел дар майдони сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда фаъолияти муштараки Русияву Тоҷикистон шурӯъ шуд. Дар сафар ба маҳалли сохтмон Чубайро сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳамроҳӣ кард ва маросими оғози корҳои сохтмон ботантана баргузор гардид. Баъд аз он Чубайс дар Душанбе бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқот кард. Таври маълум сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда дар соли 1987 сар шуда, дар ибтидои солҳои навадум қатъ гардид. Дар соли 1996 ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш кард, ин сохтмонро дубора шурӯъ намояд, вале камбуди сармоя ба ин иқдом монеъа шуд. Тафи солҳои охир кишвар ва ширкатҳои гуногун пешниҳод карданд, дар итмоми сохтмон ва оянда фурӯши нирӯи барқи он саҳм дошта бошанд. Танҳо дар моҳи октябри соли гузашта, Русия ва Тоҷикистон дар ин бора ба созиши ниҳоӣ расиданд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки Тоҷикистон аз Эрон ва Ҷумҳурии Чех иштирок дар ин барномаро дархост карда буд.
XS
SM
MD
LG