Пайвандҳои дастрасӣ

Оё дарвоқеъ Душанбе маркази тоҷикони ҷаҳон аст?


Душанберо шаҳри ҷавон меноманд, вале кам касон медонанд, ки қадимтарин нишонаҳои дасти инсон дар ин ҷо ба қарни неолит тааллуқ доранд. Дар маҳалли Донишгоҳи миллӣ, ки онро «ҷазираи донишҷӯён» ва ё "Байнаннаҳрайни муосир" низ меноманд, ҳар рӯз садҳо ҷавон аз маҳалҳое мегузаранд, ки мумкин аст, аз зери дарахт ва ё паҳлӯи сангҳои дарё одами қадбаланду горилламонанди давраи неолит бо бастаи пахол дар гирди миёнаш ва болғаи сангин дар даст бархезад. Пас Душанбе бо вуҷуди он ки шаҳри ҷавонон аст, худ ҷавон нест.

Сарчашмаи хаттии қадимтарин, ки аз макони зисте бо номи Душанбе ёд мекунад, ба чоряки аввали асри ҳабдаҳ ба қалами мутафаккир Маҳмуд ибни Валӣ тааллуқ доштааст. Дар китоби «Таърихи Душанбе»-и Тоҷиддин Пиров ва Назаршо Назаршоев омадааст, ки тибқи ҳафриёти бостоншиносон дар ҳудуди ҳозираи Душанбе ҳанӯз дар ҳазорсолаи 4-и то милод одамон мезистаанд.

Аммо аз рӯзе ки деҳаи Душанбе ба шаҳр ва маркази маъмурии Бухорои Шарқӣ эълон шуд (сентябри 1922) он ба як мафҳуми сиёсӣ табдил ёфт ва шояд ин аст, ки Душанбе сиёситарин шаҳри Тоҷикистон аст. Донишманди тоҷик Аскаралии Раҷаб мегӯяд, дар замони марзбандии миллии Шӯравӣ тоҷикон марказҳои фарҳангиву иҷтимоии аслии худро аз даст доданд ва беҳтарин нақди дасташон ҳамин Душанбе будааст. Зодрӯзи расмии Душанбе ҳамчун пойтахт соли 1924 маҳсуб меёбад. Инак, дар муддати ҳаштод сол аҳолии он деҳкада аз ҳазор нафар ба зери як миллион расидааст.

Дар замони Шӯравӣ ба ёд меоранд сокинони кӯҳансол, дар пойтахти Тоҷикистон барои русҳо зистан осонтар будааст, зеро онҳо бештар имкони зиндагии шаҳрӣ ба сар бурдан доштаанд.
Ва аммо пас аз истиқлол Душанбе то чӣ андоза тавонист, ба ҳайси маркази сиёсии тоҷикон худро муаррифӣ созад? Назари сокинони ҷавони пойтахтро дар ин маврид пурсон шудам.

Онҳо посухҳое доданд, ки оромтарин касро ҳам ба ҳайрат меоранд

Ва назари муаррих, Аскаралӣ Раҷабов, мудири шӯъбаи таърих ва тамаддуни Пажӯҳишгоҳи таърих дар Академияи улуми Тоҷикистон:

Далелҳои муаррих зери ин хатти сабз ниҳонанд.

Вале ҷавонони тоҷик бо таассуф аз он ҳарф мезаданд, ки пойтахт ҳанӯз имкони комили бароварда сохтани орзуву омоли онҳоро надорад. Ҳанӯз, мушкилоти зиёди ҳаррӯзае пешорӯи сокинон қарор меград. Бори аввал Душанбе дуюми сентябри соли 1924 барқро дида буд ва то имрӯз дар баъзе маҳаллаҳо соҳибхоназанҳо ба истилоҳ асоро ба рӯшанӣ мезананд аз хавфи он ки ҳоло барқ хомӯш мешавад. Шаҳрро дарёҳои Кофарниҳону Душанбе ба оғӯш гирифтааст, вале барои сокинони баъзе маҳаллаҳо обкашӣ ба мисли машқи субҳгоҳони варзишӣ гардидааст. Таркишҳои зуд - зуди газ бошад аллакай латифа шудааст дар даҳони мардум. Ва ин ҳама масоили оддии иҷтимоӣ буд. Аммо аз лиҳози фарҳангиву сиёсӣ, ки то чӣ андоза Душанбе тавонист, маркази ваҳиди тоҷикони ҷаҳон бошад, ҷавонон мегӯянд, барои чунин даъво бояд зиндагӣ ва имконоте инҷо фароҳам бошад, ки ҳадди ақал дар марҳилаи аввал тоҷиконро аз Русияравӣ боздорад. Охир, сиёсат ва фарҳанг аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ вобаста аст.
XS
SM
MD
LG