Пайвандҳои дастрасӣ

Нидои ҷавонон: Агар ман раиси шаҳри Душанбе мебудам...


Сохтмонҳои нав ҳам дар пойтахт дида мешаванд, ки шаҳрро то андозае зебо нишон медихад, вале ин ҳама зебоӣ сокинони чавони Душанберо ба қадри зарурӣ қонеъ намегардонидааст. Дилшод ном ҷавон қабл аз ҳама ба бинои навсохти Амфитеатр ишора мекунад: «Амфитеатре, ки месозем гуфтанд, натиҷаашро худамон мушоҳида кардем, ки хеле саросема сохтанду чандон ба талаботе, ки аз рӯи нақша буд, иҷро нашуд. Ҳатто ба наздики 3 ваҷаб шиштааст ва маҷмааи «ҳаёти абадие», ки сохтанду рӯзи кушодашавиаш шикаст ҳамчунин. Парки обиро ҳам,ки бояд дар асоси шартнома туркҳо месохтанд, то ҳол ҳамон хел хобида ва умуман имрӯз сохтмон ҳаст мегӯянду танҳо сафед мекунанд биноҳоро, аммо ба намуди дохилиашон аҳамият дода намешавад. Ҳарчанд дар пойтахт 900 рӯзи ободӣ эълон шудаааст, ҳоло ҳам мебинед, ки дар кӯчаву тангкӯчаҳои шаҳри Душанбе чӣ қадар камбудиҳо зиёд аст, аз наздики партовҳо гузашта намешавад.»

Барои ҳалли ин мушкилу нуқсонҳо мусоҳибонам чанд лаҳза бо истифода вожаи «агар» худро раиси шаҳр тассавур карда, чунон пешниҳоду тагйироте дар ободонии пойтахт ворид намуданд, ки..

Биёед беҳтараш ба гӯши худ шунавед, орзуҳои шаҳрдорони ҷавононро...

«Агар раиси шаҳр мебудам, пеш аз ҳама барои донишҷуён ҳамин нақлиёти шаҳрро ҳам бепул ва ҳам ҳаминхел ташкил мекардам, ки онҳо сари вақт омада ба дарс расанд. Чунки имрӯз махсусан барои донишҷӯён масъалаи нақлиёт мушкил аст.»

Асрор ном ҷавони дигар бошад дар сурати раиси шаҳр таъин шуданаш пеш аз ҳама ба вазъи донишгоҳҳои пойтахт ва сатҳи дониши донишҷуён таваҷҷӯҳ зоҳир менамудааст. Ба ақидаи мусоҳиби дигарам имрӯз тағйирот ворид намудан ба муассисаҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт зарур аст ва ӯ бо авввалин имконияти ба даст омада, боғи ҳайвоноти Тоҷикистонро куллан дигаргун менамудааст: «Ман аввалан ҳамин масъаларо ба миён мегузоштам, боғи ҳайвонотро ба дигар ҷой, ба ҷои хуш боду ҳаво мекӯчонидам ва аз дигар кишварҳо ҳайвонҳои нодиру гуногунро меовардам. Боварӣ дорам, метавонистам, ки бо ин корам як дараҷа пойтахтро зебанда гардонам.»
Ана ҳамин тавр агар ин орзуву пешниҳоди ҷавонони раисшаванда амалӣ мегаштанд, ба ҷои обҳои ифлос дигар одамон оби соф менӯшидаанд, нақлиёт дар пойтахт хуб ба роҳ монда мешуд ва умуман шаҳр ободу зебо ва ба шаҳрҳои дигар кишварҳо баробар мегашт. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиҳо ҷавонон мегуянд, шаҳри Душанбе аз миёни тамоми шаҳрҳои зебои дунё барои онҳо азизтар аст.
XS
SM
MD
LG