Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳҳои нави ҳавоӣ аз Сургут ва Новосибирск ба Хуҷанд


Ширкатҳои ҳавопаймоии "Сибир" ва "Ютайр"-и Русия хабар доданд, ки дар рӯзҳои наздик ду роҳи нави ҳавоиро аз Русия ба Тоҷикистон боз хоҳанд кард. Ширкати "Сибир", ки таҷрибаи корро дар бозори мусофирбарии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хубӣ андӯхтааст, мехоҳад, сар аз 20-уми апрел, ҳар рӯзи чоршанбе як ҳавопаймои Ту-154-ро аз Новосибирск ба Хуҷанд фиристад ва ширкати "Ютайр" сар аз 1-уми май низ як чунин ҳавопаймои калонро аз дар байни Сургут ва Хуҷанд ба ҳаракат хоҳад овард. Намояндаи ширкати "Сибир" ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав Муҳаммадраҳими Сайдар гуфт, нархи чиптаи ҳавопаймои он дар масири Новосибирск -- Хуҷанд ба 180 доллари амрикоӣ баробар хоҳад буд. Ва ширкати "Ютайр" мегӯяд, қимати чипта дар масири миёни Сургут ва Хуҷанд 399 доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Бо ифтитоҳи ин ду парвози нав даҳ шаҳри Русия бо Душанбе ва Хуҷанд пайванди ҳавоӣ пайдо хоҳанд кард.
Муҳоҷирони тоҷик, ки мавсими сафари онҳо шурӯъ шудааст, изҳори умедворӣ мекунанд, ки зиёд шудани шумораи парвозҳо ба поин омадани нархи роҳ ва беҳбуди хадамоти ширкатҳои ҳавоӣ мусоидат хоҳад кард. Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон" гуфтааст, аз чунин рақобат ҳарос надорад, зеро бе ин ҳам талаботи бозори мусофирбариро қонеъ гардонда наметавонад. Ва дар робита ба сифати хадамот, як шаҳрванди тоҷиктабори муқими Маскав ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон"-ро барои хадамоти нокифоя ва беэҳтиромӣ ба мусофир ба додгоҳ кашидааст.
XS
SM
MD
LG