Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати нави Додгоҳи олӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон муайян шуданд


Дар ҷаласаи аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси олии кишвар, рӯзи 15-уми апрел, бо пешниҳоди президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов собиқ раиси додгоҳи ноҳияи Исфара Ҳизбулло Хоҷаев раиси Додгоҳи олӣ ва собиқ раиси додгоҳи шаҳри Душанбе Амирхоҷа Ғойибназаров раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баргузида шуданд. Тибқи ислоҳоти ворида дар Қонуни асосӣ дар пайи як ҳамапурсӣ дар тобистони соли 2003 мӯҳлати фаъолияти онҳо даҳ сол идома хоҳад кард.
Аъзои Маҷлиси Миллӣ ҳамчунин номзадии Бобоҷон Бобохонов додситони кулли Тоҷикистонро, ки бар асоси Қонуни асосӣ аз сӯи раиси ҷумҳур пешниҳод мешавад, низ дубора барои панҷ соли баъдӣ ба мақомаш интихоб кардаанд.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG