Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии тиллоии Дилшод Назаров дар мусобиқаҳои Арабистони Саъудӣ


Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров, дар рақобатҳои гурзандозии нахустин Бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ,ки дар Арабистони Саъудӣ ҷараён дорад, бо натиҷаи 76 метру 98 сантиметр соҳиби мақоми аввал ва медали тилло шуд. Ғайрат Неъматов, мураббии гурзандози тоҷик бо эъломи ин хабар ба Радиои Озодӣ афзуд, ки ин натиҷаи ба даст овардаи шогирдаш нисбат ба рекорди пешини ӯ 40 сантиметр зиёд аст. Дилшод Назарови 23-сола-қаҳрамони Бозиҳои панҷуми Осиёи Марказӣ ва қаҳрамони дукаратаи Осиё дар гурзандозӣ порсол дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Афина ширкат варзида буд. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт ман расман рекорди инфиродӣ гузоштам ва албатта, мехоҳам, ки гурзро ба масофаи беш аз 80 метр ҳавола кунам ва ба мисли гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1992 дар Барселона қуллаи баландтарини варзишро фатҳ намоям. Ба гуфтаи Ғайрат Неъматов ,ҳамчунин дар мусобиқоти варзиши сабук Аҷмал Амиров, варзишгари ҷавони тоҷик дар давидан ба масофаи 1500 метр ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дастаи тенниси Тоҷикистон баъди пирӯзӣ бар тими Озарбойҷон, дар дидори навбатии худ аз тими Покистон бо натиҷаи 0 бар 3 мағлуб шуд. Ҳамчунин тими миллии футболи Тоҷикистон дар севвумин ва охирин дидори худ дар рақобатҳои футболи Бозиҳои ҳамбастагӣ аз мунтахаби Судон бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд ва дар гурӯҳи «А» ҷойи охиринро ишғол кард. Дар ин гурӯҳ тимҳои Эрон ва Уммон, ки дидори байни худро бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол анҷом доданд, бо ҳафтхолӣ мутаносибан дар ду зинаи аввали ҷадвали гурӯҳ қарор гирифта, ба ширкат дар марҳилаи баъд роҳ ёфтанд.
Дар айни ҳол дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 2 медал -1 медали тилло ва 1 медали нуқра дар байни дастаҳои ширкаткунандаи Бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ ҷойи 16-умро ишғол мекунад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG