Пайвандҳои дастрасӣ

UNDP дар водии Зарафшон намояндагии вижа таъсис медиҳад


Масъулини Барномаи рушди СММ дар шаҳри Хуҷанд изҳор доштанд, ки чаҳор лоиҳаи нави онҳо дар минтақаи Зарафшон ва навоҳии наздимарзии Исфара, ноҳияҳои ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар давоми ду соли оянда татбиқ хоҳанд шуд. Барномаҳои тоза ҳамчунин ҳалли бархе аз масоили доғи иҷтимоӣ, ба мисли таъмини одамон бо оби ошомиданӣ ва ҷои кор, бунёди пулҳо ва таъмиру тармими мактабу беморхонаҳо ва расонидани вомҳои имтиёзнок ба қишри нодори ҷомеаро дарбар мегиранд. Роҳандози Барномаи Рушди СММ дар вилояти Суғд Аҳад Маҳмудов дар муаррифии ин хабар гуфт, барои иҷроои нақшаҳо беш аз 1 миллиону 200 ҳазор доллар ихтисос дода шудааст. Вай дар бораи яке аз тарҳҳо ба унвони «Рушди Водии Зарафшон» афзуд : «Ин барномаи бузург соли дигар боз ҳам васеътар мегардад ва ба тамоми 16 ҷамоати водии Зарафшон аз ҷониби Барномаи Рушд кӯмак расонида мешавад. Барномаи дигари мо барои паст намудани камбизоатӣ дар 6 шаш ҷамоати ноҳияҳои Исфара ва Ҷаббор Расулов амалӣ мегардад. »
Маҳмудов афзуд, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири татбиқи лоиҳаи нави худ дар водии Зарафшон намояндагии вижаи худро боз хоҳад кард.
Ду тарҳи дигари Барномаи Рушди Созмони Милал аз ҷониби намояндагиҳои Барномаи мазкур дар Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири таҳкими ҳусни ҳамҷавории сокинони навоҳии наздимарзии ин ду ҷумурӣ, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Бодканд ва Лайлоқ ва ҳалли масоили иҷтимоии баҳсбарангез дар ин манотиқ пиёда хоҳанд гашт.
Сарвари маркази иттилоъотиву таҳлилии ҳукумати Суғд Нарзулло Дадобоев, дар нишасти матбуотӣ аз тавсеъаи фаъолияти Барномаи рушди СММ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон изҳори ризоят кард: «Бешубҳа, имрӯз сахми Созмони Милали Муттаҳид ва махсусан - Барномаи Рушди он дар беҳбуди самтҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии Суғд назаррас аст. Аз ҷониби ҳукумати Суғд барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли 2004 баробари 16 миллион доллари ИМ сарф кардааст. Ин маблағ, албатта, барои ҳаллу фасли тамоми мушкилоти ҷомеа, ки тайи солҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омадааст, кофӣ нест. Тарҳҳои тозаи Барномаи Рушд аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд ҳамаҷиҳата дастгирӣ хоҳанд ёфт. Маблағгузорӣ барои рушди вилояти Сугд тайи солҳои ахир аз чониби барномахои Милали Муттаҳид дучанд шуда истодааст.»
Барномаи Рушди СММ аз замони шурӯъи фаъолияташ дар вилояти Суғд дар соли 1999 то ба ин муддат ба минтақа ба маблағи тақрибан 3 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки молӣ расонидааст.
XS
SM
MD
LG