Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Русия даҳ гаравгони тоҷикро озод кард


Мақомоти интизомии Русия хабар доданд, ки як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷикро аз асорати одамрабоён озод кардаанд. Намояндаи вазорати корҳои дохилии Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни амалиёти вижаи нирӯҳои интизомӣ ҳамаи гаравгонҳо бе ягон зиён ба ҷони онҳо озод карда шуда, ҳамаи одамрабоён ба ҳабс гирифта шуданд. Хабарнигори радио дар Маскав Муҳаммадраҳими Сайдар ба нақл аз мақомоти мазкур мегӯяд, дар байни боздоштшудагон як корманди полиси нақлиёти Русия низ ҳаст. Шумораи муҳоҷирон 10 нафар буда, онҳо аз дар аввалҳои моҳи апрел дар истгоҳи Ахтуфини вилояти Аштархони Русия ба асорат афтоданд ва дар ивази озодии онҳо гаравпулӣ талаб карда шуд. Полис дар ҳамоҳангӣ бо ҳамдиёрони рабудшудагон амалиёти махсус доир намуд ва онҳоро озод кард. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар қатори роҳи оҳан сафар мекарданд ва азм доштанд ба Санкт Петербург раванд. Одамрабоён якҷо бо корманди полиси роҳ шиносномаи онҳоро мусодира ва худашонро дар як пинҳонгоҳ бандӣ кардаанд.
Ин аввалин бор аст, ки дар бораи ширкати корманди полис дар рабудани гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик хабар дода мешавад.
XS
SM
MD
LG