Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро шумораи беморони сил дар артиши миллӣ зиёд мешавад?


Гузориш ва акс аз Сайёфи Мизроб Сарбозони артишиТоҷикистон, ки дар ноҳияи Шӯробод хидмат мекунанд, мегӯянд, сиҳату саломат ба хидмати ҳарбӣ омаданд ва акнун бистарии бемории силанд. Пизишкон мегӯянд, вазъи номуносиби беҳдоштӣ, камғизоӣ ва рӯзгори тира дар артиш сабаби чунин ҳолат гаштаанд.

Танҳо дар як бемористон 12 сарбози артиши миллии Тоҷикистон бо бемории сил бистарӣ буда, ба табобати ҷиддӣ ниёз доранд. Аксари онҳо саломат ба хидмати ҳарбӣ рафта дар сафҳои артиш ба беморӣ мубтало шудаанд. Дар ин бора дар посух ба дархости Додситони кулли Тоҷикистон мудири шӯъбаи табобатии беморхонаи сили шаҳри Кӯлоб, Аҳмадхон Олимов, гузориш додааст. Пизишкон мегӯянд, сабаби аслии хуруҷи беморӣ дар артиш ба хӯроквории сарбозон ва маъишати онҳо бастагӣ дорад. Шумораи гирифтори сил дар бемористонҳои ҳарбӣ ифшо намешавад.
Як аскари қаторӣ, собиқ сокини ноҳияи Ҷомии Қӯрғонтееппа, мегӯяд, баъд аз се моҳи хидмат дар қисми низомии 2931 мариз шудааст. Сарбози дигар, собиқ сокини ноҳияи Рӯшон мегӯяд, ӯ низ солим ба артиш омада, дар ҳамин қисми низомӣ сироят дидааст. Ва аммо ба иттилоъи мусоҳибони ман ҳарчанд ки онҳо моҳи саввум аст, дар бемористон бистарианд, волидайн аз ҳоли онҳо воқиф нестанд.
Саъбагул Қодирова, сокини ноҳияи Восеъ, мегӯяд, фарзанди маризи ӯро дар ҷараёни як боздошти оммавӣ ба артиш бурдаанд. Се моҳ баъд ӯ бо ташхиси сили шадид ба хона баргашт.
Қиёмиддин Муродов мегӯяд, камаш 7 ҷавони мариз аз ҳамин деҳа дар артиш хизмат доранд, ки зимни вазъи бади беҳдоштӣ, сабаби авҷи сил дар ин қисмҳои низомӣ мешаванд.
Волидайни сарбозони мариз бар инанд, ки ахиран ба артиш фарзандони мардуми нодор даъват мешаванд. Иброҳим Исмоилов падари як сарбози мариз мегӯяд: "Манро бигузор бурда паронанд, аммо ҳақиқатро мегӯям: дар армия ягон писари бою сарватманд, хӯҷаинону курсинишинон нестанд ! Бовар накунед, тафтиш кунед! Армия барои камбағалону камбизоатон шудаст, ки оқибаташ ана ҳамин касалҳоянд."
Ин иддиаоро сарҳанг Аскаршоҳ Демпанаев, комиссари низомии Кӯлоб таъйид кард. Аммо ӯ гуфт, ки фарзандони сарватмандон асосан дар донишгоҳҳо мехонанд ва тибқи қонун аз хидмати сарбозӣ озоданд. Ин дар мавридест, ки дар минтақа даъвати баҳорӣ ва дар ин зимн "облава" ё худ боздошти оммавии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба артиш бе муоинаи комиссияи тиббӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG