Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қитъаи марзии "Мaскав" низ ба ихтиёри марзбонони тоҷик мегузарад


Аз рӯзи 15-уми апрел марҳилаи нави ба ихтиёри марзбонони тоҷик гузаштани сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон сар шуда, то моҳи июн дидбонии тамоми тӯли ин марз ба дасти марзбонони тоҷик хоҳад гузашт. Раиси ситоди нирӯҳои марзбони Тоҷикистон, генерал майор Нуралишо Назаров дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, марзбонони Русия аз ин дидбонгоҳҳои мераванд ва ҳамаи иншооту таҷҳизотро дар ихтиёри марзбонони тоҷик мегузоранд. Акнун дар навбати аввал қитъаи марзии ба номи Маскав, яке аз мушкилтарин бахшҳои сарҳад, ки аз 232 километр, 15 маркази дидбонӣ ва 13 посгоҳ иборат аст, ба мақомоти марзбонии Тоҷикистон супурда мешавад. Ин қитъаи марз ҳоло яке аз гузаргоҳҳои асосии қочоқбарони маводи мухаддир ба шумор меравад ва дар солҳои ҷанги Тоҷикистон нирӯҳои Иттиҳоди оппозисюни тоҷик борҳо ба воситаи он шабехун задаанд. Сардори дафтари матбуоти нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон сарҳанг Александр Кондратйев гуфт, танҳо дар чаҳор соли охир дар ҳамин қитъаи марз сездаҳуним тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки ними онро ҳероин ташкил медиҳад. Аммо Назаров мегӯяд, таҷрибаи марзбонии тоҷикон дар қитъаҳои марзии Бадахшон ва Қалъаихум нишон доданд, ки нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳифзи марз омодагӣ ва азми комил доранд.
XS
SM
MD
LG