Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши назорати давлат ба фаъолияти созмонҳои хориҷӣ


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилал даъват кард, пеш аз баргузории мулоқот бо намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва расонаҳоии гурӯҳӣ мақомоти давлатро аз замон ва мӯҳтавои чунин нишастҳо дар ҷараён бигузоранд. Дар шарҳи ин изҳорот сардори бахши иттилоотии вазорат Игор Сатторов гуфт, намояндагиҳои хориҷӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ахиран самти иттилоърасонии кори худро ҷиддан тақвият додаанд ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таваҷҷӯҳро ба он ҷалб мекунад, ки ширкаткунандагони чунин мулоқот, семинар ва тамрину омӯзишҳо онҳоро ба василаи таблиғоти зидди давлат табдил надиҳанд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, чунин вазъият метавонад, ба амнияти иттилоотии кишвар таъсири манфӣ расонад, биноан давлат мехоҳад, аз ҳамаи маъракаҳои ҳамсон пешакӣ огаҳӣ дошта бошад. Сатторов нагуфт, ин огаҳӣ ба давлат дар пешгирӣ аз паёмадҳои номатлуб чӣ имконият фароҳам меорад.
Узви Маҷлиси намояндагон, ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддини Кабирӣ гуфт, ҳар кишвар ҳақ дорад, тарзи кори намояндагиҳои хориҷиро худаш муайян кунад, аммо имрӯз, пас аз рӯйдодҳои Қирғизистон эълон шудани чунин тасмим метавонад, маънии заъфи давлатро дошта бошад. Вай гуфт, беҳтар мебуд, давлат, агар намехоҳад, ин мулоқоту семинарҳо ба марказҳои танқиди он табдил ёбанд, бо роҳи иштирок ва ҳамкории васеътар аз чунин раванд пешгирӣ кунад.
Тасмими ахири Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тасмими ҳамсони вазорати умури хориҷии Ӯзбакистонро ба хотир меорад, ки баъдан бо истифода аз он фаъолияти созмонҳои дилнохоҳи худро маҳдуд кард ва бархе аз онҳо, монанди Бунёди Сорос ва шабакаи Интернюсро аз кишвар хориҷ намуд.
XS
SM
MD
LG