Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Патриот" -- маҷаллаи ҷавонон дар меҳмонии "Ояндасоз"


Сардабири ин маҷалла Музаффар Худойқулов мегӯяд, аввалин нашри маҷалла ҳамагӣ аз 20 нусха иборат буд ва ҳоло 3000 адад аз ин маҷалла дар 21 кишвари ҷаҳон паҳн мешавад. Дафтари марказии он дар Туркия мавҷуд буда, дар Душанбе, Лондон, Бруссел, Пекин ва дигар шаҳрҳо хабарнигор дорад.
Дар паёми идонаи худ маҷалла менависад: "Ҳар кадоми мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки бақову пойдории давлати Тоҷикистон ва истиқлолияту соҳибихтиёрии он аз кӯшиишу ғайрат, азму ирода, нангу номус, ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарварӣ ва аз манфиати худ баланд донистани манфиати халқу давлат ва аз иҷрои софдилонаи вазифаҳои худ вобастааст."
Нависандагон ва хонандагони маҷаллаи "Патриот", ки бо ҳамин ном саҳифаи интернетӣ низ доранд, мегӯянд, агар раҳбарони имрӯзаи Тоҷикистон ба хубӣ аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифаҳо набароянд, бояд чашм ба оянда дӯхт ва ҷавононро омода кард, зеро онҳо ояндаи кишвар мебошанд.
Дар шумораи идонаи маҷалла, матолибе дар бораи интихоботи порлумонии Тоҷикистон, Рӯзи ҷаҳонии занон, иди Наврӯз, ҳамбастагии ҷавонони Осиёи Марказӣ ва ашъори баҳории ҷавонон нашр шудааст. Маводи маҷалла ба чаҳор забон чоп шуда, дар яке аз саҳифаҳои он кормандони "Патриот" аз ҳамаи онҳое, ки дар нашри он кӯмак кардаанд ва ё машварат додаанд, сипосгузорӣ кардаанд.

Сардабири барномаи "Ояндасоз" Хиромони Бақозода бо сардабири маҷаллаи "Патриот" Музаффар Худойқулов сӯҳбате орост, ки бо ангушт задан ба ин хатти сабз, метавонед, онро бишнавед.

Ва ҳам дигар мавзӯъҳои марбут ба ҳаёти ҷавонони тоҷикро дар Тоҷикистон ва берун аз он.
XS
SM
MD
LG