Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишномаи ҳифзи иттилооти махфӣ дар Маҷлиси намояндагон


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи миёни кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъиро дар ҳифзи муштараки иттилооти сиррӣ ба тасвиб расонид. Ҳадаф аз ин созишнома таъмини низоми иттилооти махфӣ дар миёни давлатҳо мебошад. Созишномаи мазкур, ки дар моҳи июни соли 2004 ба имзои сарони кишварҳои узв расидааст, шароити таъмини ҳифзи мутақобили иттилоотӣ сириро дар чаҳорчуби созмони паймони амнияти дастаҷамъии Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ муқаррар кардааст. Созишномаро муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода ба аъзои Маҷлиси намояндагон муаррифӣ кард.
Маҷлиси намояндагон ҳамчунин тағйиру иловаҳо ба қонуни ҳимояи соҳибкорӣ ва тарҳи ислоҳи назорат бар истифодаи маҳсулоти низомиро тибқи талабот асноди байнидавлатии ҳамкориҳои ҳарбӣ ва фаннӣ ба тасвиб расонид.
Иҷлосияи баъдии порлумонӣ ҷаласаи муштараки ду маҷлис аст, ки ба манзури шунидани паёмаи солонаи президент Эмомалӣ Раҳмонов16-уми апрел доир хоҳад шуд.
Раҳматкарими Давлат
XS
SM
MD
LG