Пайвандҳои дастрасӣ

Вақте мерасад, ки зардолуро ҳам бо компютер ғулинг хоҳед кард (Мулло Насриддин)


ИДОМАИ БАҲСИ ШАҲРИ ЗЕБОТАРИН

Аммо дар он баҳс як ишора ҳам буд. Шаҳр бо одамонаш зебост. Бо вуҷуди ин бигзор ҳар кас ақидаи худро дошта бошад. Ва факт ин буд, ки дар барномаи гузашта, бисёриҳо Душанберо зеботарин шаҳр номиданд. Вале роҳи ҳал ҳаст. Ҳоло дар студия бо ман касе нишастааст, ки агар тамоми ҷаҳонро нагашта бошад ҳам, камаш ними онро қадам задааст ва китобе навиштааст, бо номи "Нобиғаи макон". Нависанда, мунаққид ва синамогар, Петр Вайл метавонад, соатҳо дар бораи Руму Порис, Венетсия ва ё Буйнос Айрес ҳикоят кунад. Аммо ман барои ӯ як савол дорам. Ҷаҳонгаштаю ҷаҳондидаи мӯҳтарам Петр Вайл. Зеботарин шаҳри ҷаҳон кадом аст?
Петр Вайл: Ман дар шаҳри Рига зода шуда, то 28-солагӣ дар он ҷо зистаам ва албатта, муносибати вижае ба ин шаҳр дорам. Ва ба фикрам, дуруст нест, ки ҳар кас шаҳри худро зеботарин номад. Он гуна ки модари кас зеботарин зани ҷаҳон аст. Вале бо ин роҳ мо ба ҳақиқат намерасем. Зеро муносибат ба макон як чизи хусусӣ аст. Ҳақиқат барои ман ин аст, ки зеботарин шаҳри ҷаҳон Венетсия мебошад. Таври маълум ин шаҳр дар рӯи об, дар рӯи ҷазираҳост. Дар он ҷо ягон нақлиёти заминӣ нест. Ё пиёда мегардӣ ва ё дар заврақҳо. Ин сабаб шуд, ки шаҳр тағйир наёфт. Дар он ҷо ягон бинои нав нест. Шаҳр ҳамонгуна аст, ки якуним ҳазор сол пеш буд. Ин таърихи башар аст. Албатта, дар Осиёи Марказӣ бисёр шаҳрҳои қадимтарин мавҷуданд. Аммо дар кӯчаҳо чароғаки роҳро мебинед ва ё симчӯбҳо манзараи онро хароб кардаанд. Дар канори онҳо биноҳои нави гӯгирдмонанд сохта шуданд ва ғайра. Венетсия мисли як рустанӣ сабзид ва хеле табиист, бо вуҷуди он ки дар он ҳамаи навовариҳои фаннӣ ҳастанд. Дигар ин ки ҳар кӯчаи он аз ҳар сӯе нигаред, зебост ва ҳар бор назаргоҳҳои навро кашф мекунед. Ва чунин назаргоҳҳо дар Венетсия бештар аз ҳама шаҳрҳои дигар аст.
Салими Аюбзод: Ташаккур. Питер, дар ин китоб аз пайвандҳои мармузи миёни инсон ва макон навиштаед. Пас чӣ чизе ин ё он шаҳрро ба чашми мо зебо ва ба дили мо ҷо мекунад?
Петр Вайл: Ман мефаҳмам, шумо ба чӣ ишора мекунед. Албатта, ҳар шаҳрро одамон зинда мекунанд. Вале ба назари ман хеле муҳим аст, ки одам дар куҷо ба воя мерасад. Беҳуда нест, мегӯянд, ки занони ҳомила бояд ба манзараҳои зебо бештар нигоҳ кунанд ва ба одамони зебо, аксҳои зебо. Ман намедонам, оё илман исбот шудааст ё на, вале ман ба ин бовар дорам ва бовар дорам, агар одам дар маконе бузург шавад, ки макони зебо бошад ва кас онро дӯст дорад, худаш низ зеботар мешавад.
Салими Аюбзод: Боз ҳам ташаккур ба ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мо, нависанда ва синамогар, дӯсти ман, Питер Вайл, ки ҳанӯз вақте китобаш нав аз чоп даромада буд, як нусхаро бо ин соядаст тақдим кард: Ба Салими прагагии маскавии душанбегӣ аз Питери прагагии ригагии ню йоркӣ. Умедворем ба саволи дӯстамон Сайидакбари азиз ҷавобе дода бошем. Ин хуб аст, ки вай ба мо чунин савол фиристод ва сӯҳбат ингуна идома пайдо кард. Ҳаргиз фикр накунед, бо поёни барнома, баҳси мо ба поён мерасад. Он ҳамеша идома хоҳад кард.

ТЕЛЕФОНИ БЕСАДО

Дар бораи телефони бесим шунидаед. Ва телефони ҳамроҳ ва ё дастӣ низ. Телефони бесадо читу? Омода бошед, ки баъд аз чанд сол, аниқтараш дар соли 2008-ум телефонеро хоҳед дид, ки ба воситаи он бе ягон садо сӯҳбат хоҳед кард. Ҳоло, баракс, баъзеҳо бо телефони дастӣ дар чойхона ва ё автобус бо овози баланд гап мезананд.
Телефонҳои нав бо барномаи Advanced Speech Encoding, яъне Рамзгузории пешрафтаи нутқ, дар Бунгоҳи тадқиқоти илмии вазорати дифоъи Амрико санҷида шуданд. Онҳо аз рӯи ҷумбиши хурдтарини торҳои асаб дар садопардаҳои инсон мавҷҳои ношунаворо ҳис мекунанд ва ба компютери кӯчаки даруни телефон медиҳанд, ки вай сигналҳоро ба телефони ҳамсӯҳбати шумо мефиристад. Телефони нав имкон медиҳад, одамон бесадо, хомӯш бо ҳам сӯҳбат кунанд ва пурғавғотарин ҷо ҳам ба сӯҳбати онҳо халале намерасонад. Аслан ин кашфиёт бо мақсадҳои ҳарбӣ даст додааст, барои шунидани амри фармондеҳон дар майдони ҷанг, вале Дик Браун, аз Донишгоҳи политехникии Ворчестер дар Амрико мегӯяд, истифодаи густардаи он имконпазир аст ва дар вақташ интернет ҳам бо мақсадҳои низомӣ ихтироъ шуда буд.

ҲАМЛАИ КОМПЮТЕРӢ БА ТОҶИКИСТОН

Хабар омад, ки боз дар як мактаби миёна дар Қумсангир синфҳои компютерӣ боз шуданд ва аввалин интернет кафе дар маркази ноҳияи Масчоҳ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов борҳо гуфтааст, шахсан таваҷҷӯҳ дорад, ки дар ҳар мактаби кишвар компютер гузошта шавад. Ва дар ҳар муассисаи илмию бойгонию китобхона.
Аммо навигариҳои Қумсангир ва Масчо бештар хосияти рамзӣ доранд, зеро вақте ки тамоми рӯз барқ нест, касе ончунон девона нахоҳад буд, ки нимшабӣ ба синфи компютерии мактаб ва ё интернет кафе равад. Ва ҳарчанд дар баъзе донишгоҳҳои фанни компютер дарс дода мешавад, донишҷӯён худи онро намебинанд ва танҳо назарияро меомӯзанд. Кор танҳо дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон то андозае беҳтар аст ва ба зудӣ шабакаи умумии он таъсис меёбад. Ҳоло саҳифаи интернетии китобхонаи академия ба номи Индира Гондӣ фаъол аст. Фанновариҳои нав ба гуфтаи ҳамкорам дар Душанбе Раҳматкарими Давлат дар соҳаҳои гуногун роҳ пайдо кардаанд ва бо вуҷуди мушкилу монеъаҳо кор ба сӯи пешрафт аст.

ҶАЗИРАИ ИНТЕРНЕТ

Вақте дар рӯбарӯи компютер менишинам, фикр мекунам дар ҷазираи беодам ҳастам, ҷудо аз ҳама касу ҳама чиз. Аммо аз ин ҷазира дар кӯтоҳтарин фурсат тамоми ҷаҳонро мегардам ва худро бахше аз дунё ҳис мекунам. Навиштаст, як шоири чех Павел Кукал.
Оё дар Тоҷикистон, мардум то куҷо аз интернет огаҳӣ дорад ва аз хадамоти он истифода мекунад. Пурсид ҳамкорам Сафаргули Олимӣ аз раҳгузарони Душанбе ва посухҳои ин гуна буданд, ки назар ба солҳои пеш мардуми бештар аз интернет огаҳӣ доранд ва кӯшиш мекунанд, аз хадамоти он истифода кунанд. Бачаҳо бисёр мехоҳанд, дар хона компютер дошта бошанд, вале даромади ками хонаводаҳо ба ин имкон намедиҳад. Ақидаҳои гуногуни раҳгузарони Душанбе, моро ба фикри он андохт, ки чи тавр фанновариҳои нав ба ҳаёти онҳо аз тариқи мусиқӣ ворид шудаасту онҳо шояд хабар надоранд. Нармафзор ва ё софтвейр-ҳои компютерӣ, ки иҷрои ин ё он амалро дар компютер имконпазир мегардонанд, ҳоло метавонанд, аз касе аслан ҳунару садои овозхонӣ надорад, ситораи мусиқӣ ба вуҷуд оранд. Бо хоҳиши ман, ҳамкорам Ҳумоюни Шаҳриёр кӯшиш кард як порча суруд бихонад. Ба хондан хонду хеле зуд ба фикри карйераи овозхонӣ афтод. Барои шунидани таронаи булаҷаби ӯ ва назари компютердонҳову ҳунармандоне монанди Ширинмоҳ Ниҳолова, Доктор Эмфир ва Убайдуллоҳи Каромат ба барномаи Ҳамнафас гӯш кунед.

ДУЗДОНИ ИНТЕРНЕТӢ

Боз як тарафи интернету компютерро баррасӣ хоҳем кард, ки хеле муҳим аст, дуздии интернетӣ. Ба воситаи интернет, сармояҳои бузургеро аз банкҳои номдор мерабоянд, шахсияти касро дуздида аз номи вай амал мекунанд ва ё сирри ширкати тиҷоратиро ёфта, аз он истифода мебаранд ва ғайра. Дар ин бора дар барномаи Ҳамнафас гузориши Шоҳини Самадро аз Маскав ҷой додаем. Дуздони интернетии ҷаҳон гуфтаанд, қасд доранд, ба таҷҳизоти электронии Ватикон вирус фиристода, аз раванди интихоби попи нав иттилоъ гиранд ва ин иттилоъро ба муштариён бифурӯшанд. Ба ғайр аз ин фанновариҳои нав тарафҳои дигари манфӣ низ доранд. Масалан, ба воситаи он ақидаҳои бад низ паҳн мешаванд, монанди фашизму нажодпрарастӣ, тундгароии динӣ, фаҳшу порнография ва дастури таҳияи ҳамлаҳои террористӣ.

ХУДАМ ИН ҶО, ДИЛАМ ОН ҶО...

Бунёди фарҳанг ва маъорифи Созмони Милали Муттаҳид 60 миллион доллар медиҳад, то донишгоҳҳои Албания ва Мақдунияро ба воситаи фанновариҳои компютерӣ ба ҳам васл кунад. Чин ва Ҳинд гуфтаанд, агар сахтафзорҳои чиноӣ ва нармафзорҳои ҳиндӣ ва ё мағзҳои ин соҳаро ба ҳам васл кунанд, пешсафиро дар ҷаҳон ба даст хоҳанд овард. Мағзҳои компютерсоз дар Тоҷикистон низ зиёданд ва агар дар ёд дошта бошед, як донишҷӯи хуҷандӣ бо барномаи сохтаи худ Билл Гейтсро дар ҳайрат гузошта буд, вале тавре мешунавем, ин гуна ҷавонони тоҷик, барои таҳсил ба хориҷа сафар мекунанд, ва бо ҳамин ба ватан барнамегарданд. Афсӯс...
XS
SM
MD
LG