Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти қочоқбарон дар марзи Қирғизистон


Ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми қочоқи 19 килограмм афюн дар минтақаи марзии вилояти Бодканди Қирғизистон боздошт шудаанд. Акбар Адҳамов - як намояндаи Бунгоҳи назорат бар гардиши маводи мухаддир дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ду сокини ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров дар ҷараёни амалиёти муштараки ниҳодҳои тоҷику қирғиз дар ҳудуди ноҳияи Лайлоқи вилояти Бодканд дастгир шуданд.
Полковник Адҳамов гуфт: «Амалиёти якҷояи ахир шаҳодат медиҳад, ки новобаста аз вазъи сиёсии Қирғизистон созишномаи ҳамкории байни ниҳодҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон иҷро мешавад. Қирғизистон ҳам изҳор дошт, ки дар оянда низ муборизаи муштаракро барои пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир тақвият хоҳад дод.»
Мувофиқи маълумоти Бунгоҳи назорат бар гардиши маводи мухаддир, дар семоҳаи аввали соли равон дар шимоли Тоҷикистон ниҳодҳои марбута беш аз 123 килограмм маводи мухаддирро кашф ва мусодира кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG