Пайвандҳои дастрасӣ

Амре, ки писанди матбуот шудааст


Ахиран Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон амр додааст, ки мақомоти тамоми вазоратҳои ин кишвар ҳар се моҳ бо баргузории нишастҳои хабарӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти худ ба мардум гузориш диҳанд. Маҳмудхон Сараев - намояндаи шӯъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо нақшаи баргузории нишастҳои хабарӣ дар вазоратхонаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ ва феҳрасти расонаҳои хабарии ба онҳо даъватшавандаро омода кардаанд.
Ӯ гуфт, бар асоси он ки 16-уми апрели соли равон аввалин ҷаласаи муштараки порлумони кишвар баргузор мешавад, нишастҳои хабарӣ дар вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ аз рӯзи душанбе 18-уми апрел шурӯъ хоҳанд шуд. Сармутахассиси шӯъбаи иттилооти дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, нахустин нишастҳои хабарӣ дар Додситонии кулл, Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон ва Маркази таҳқиқоти стратегӣ баргузор мешаванд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG