Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи нави таеквондочиёни тоҷик


Насриддин Ворисов, варзишгари тоҷик дар рақобатҳои таеквондои Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ,ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, медали нуқра ба даст овард. Бино ба иттилои Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ин нахустин медали ба дастовардаи дастаи мунтахаби ин кишвар дар ин бозиҳо мебошад.Таеквондочии тоҷик дар вазни 54 кило бар рақибони худ пирӯзӣ ба даст оварда, барои ширкат дар рақобати ниҳоӣ роҳ ёфт, вале дар финал мағлуб гашт ва соҳиби мақоми дуввум шуд.
Ва аммо бохти дастаи миллии футболи Тоҷикистон ба тими мунтахаби футболи бошгоҳҳои Эрон бо ҳисоби хеле калони 0 бар 9 боиси нигаронии мутахассисони соҳа ва мухлисони футболи тоҷик гардидааст.Зоир Бобоев, сармураббии собиқи тими миллии футболи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар робита ба ин бозӣ гуфт,ки мунтахаби Тоҷикистон нахустин бор бо чунин ҳисоби дар футбол хеле калон мағлуб гаштааст ва натиҷаи ин дидор бо тими Эрон бояд мавриди баррасии мутахассисону масъулини футболи тоҷик қарор бигирад ва барои болоравии сатҳи футболи тоҷик чораҳои фаврӣ андешида шаванд.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG