Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаҳои нави Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон


Нироҷ Ҷейн - раҳбари нави дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ин бонк қасд дорад, дар се соли оянда ҷиҳати иҷрои тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон 120 миллион доллари амрикоӣ ихтисос бидиҳад, ки ҳадафи онҳо коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аст.

Раҳбари Бонки Осиёии Рушд бозсозии роҳҳои Тоҷикистонро аз самтҳои авлавиятноки барномаи маблағгузории ин бонк дар се соли оянда дар ин кишвар номид. Ӯ дар ин робита аз шурӯъи бозсозии ҷодаи мошингарди Душанбе - Ҷиргатол ёдовар шуда гуфт, барои иҷрои ин тарҳ 30 миллион доллар ҷудо шудааст. Барои иҷрои марҳалаи аввали ин тарҳ, ки моҳи март шурӯъ шудааст, Бонки Осиёии Рушд 16 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Нироҷ Ҷейн ҳамчунин гуфт, ин ниҳод қасд дорад, дар бозсозии обанбор ва нерӯгоҳи барқии Нораки Тоҷикистон саҳм бигирад. То кунун Бонки Осиёии Рушд барои иҷрои тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон ба ин кишвар 265 миллион доллари амрикоӣ қарз дода ва кумакҳои бебозгашт кардааст.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG