Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори гирифторони ҷоғар дар Суғд


Ба иттилоъи дармонгоҳи шаҳри Хуҷанд, феълан даҳяки сокинони вилояти Суғд гирифтори бемории норасоии йод дар бадан ва ё ҷоғар мебошанд. Марҳабо Назирова - муовини сардухтури дармонгоҳ гуфт, табибон дар пайи муоинаи тиббии чаҳоряки аҳолии Суғд дар соли 2004 чунин натиҷагирӣ кардаанд: «Мо 500 ҳазор нафарро мавриди санҷиши тиббӣ қарор додем ва дар бадани қариб 50 ҳазор тан норасоии йод ошкор карда шуд.»

Марҳабо Назирова афзуд, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби табибон беш аз 4 ҳазор нафар бо бемории ҷоғар сабти ном шудаанд, ки аксарияти онҳоро кӯдакону занон ташкил медиҳанд. Табибони Суғд густариши бемории ҷоғарро ба дастрасӣ надоштани сокинони вилоят ба намаки йоднок, истеъмоли ғизои якрангу камвитамин марбут медонанд. Дар бозорҳои ин вилоят умдатан намаки бидуни ёд ба фурӯш гузошта шудааст ва мардум ҳам истифодаи чунин намаки арзонро нисбат ба намаки йодноки нисбатан гаронтар афзал меҳисобанд.
Аммо он чӣ аз гуфтаи табибон аҷиб ба назар мерасад, ин аст, ки дар давоми даҳсолаҳои ахир шусташави қишри болоии замин ҳамчунин ба коҳиши йод дар таркиби хок мусоидат кардааст ва аз ин рӯ бо истеъмоли сабзавоту меваҷоти маҳаллӣ низ миқдори йоди ба бадани инсон заруриро наметавон пайдо кард.
Ба ҷуз аз хурмои гибрид, ки кишти он дар Суғд ҳанӯз зиёд нест. Табибон зиёдии теъдоди гирифторони ҷоғарро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Ба гуфтаи хонум Назирова, барои коҳиши шиддати бемории ҷоғар дар вилояти Суғд Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ва созмони тиббии байналмилалии «Дорусозони бидуни марз» бо расонидани таҷҳизоти тиббӣ ва дорувор кӯмак мерасонад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG