Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихи аҷиби тоқии мардонаи чакан


Зафар Мирзоев, раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Кӯлоб дар бастагӣ ба мавзӯъ мегӯяд, кулоҳи чакан таърихи тӯлоние дорад, ки аз саргаҳи фарҳанги ориёӣ маншаъ мегирад. Ӯ мегӯяд, эҳёи тоқии гулдӯзии мардона, ба истилоҳ рӯ овардан ба фарҳанги либоси то исломиро дорад: "Тарсими чалипо, ки дар шерозаи ҳамин кулоҳ дӯхта шудааст, чӣ маънӣ дорад? Ҳамон шахсе метавонад, инро маънидод бикунад, ки ба таърихи гузаштаи неки худ ворид бошад. Зеро ин нақшҳо нақшҳои ориёӣ мебошанд, ки аз даврони Меҳрпарастӣ ва Зардуҳуштӣ то ба имрӯз ба мо расидаанд."

Ва аммо бархе аз аҳли тақво даъват ба эҳёи кулоҳи чаканро ҳамчун мубориза бо кулоҳи аъробӣ муаррифӣ кардаанд. Вале Зафар Мирзоев, мегӯяд, даъват ба эҳёи тоқии гулдӯзӣ маънии зӯран сари мардум кулоҳи чакангузорӣ нест. Ғараз аз даъвати мазбур ба олами чакани мардон рӯ овардан будааст, ки ба иитилоъи Хайрулло Тоҳиров, сарвари осорхонаи Кӯлоб ин фарҳанг рӯ ба нестӣ ниҳодааст. Осоршинос Тоҳиров мегӯяд, гулҳои чакани мардона рамзи ороиёни Сваста Аста, ё худ рамзи чор унсур будаанд, яъне Офтоб, моҳ, истора ва Замин. Ин рамзи мутақобилаи чор унсур дар ислом-яъне обу оташ ва боду хок будааст. Зафар Мирзоев, донишманди дигар бар назар аст, ки ҳамин 4 нишона рамзи баҳору тобистон ва тирамоҳу замистон будаанд.

Ва аммо ҷаҳони чакани мардона амсоли чакани бонувона фаррох аст. Тоқии гулдӯзии кӯлобӣ то ҳанӯз рамзи мардонагиву балоғат боқӣ мондааст, ки рӯзи сури арӯсӣ ҷавонмардон онро ба сар мегузоранд. Дар маросими мардумӣ, ки низ роҳ сӯи асотири ориёи аҳди қадим дорад, ҳамин тоқии чакан дар базмгоҳҳои наврӯзӣ истифода мешавад.

Тоқии чакан, ки ба иттилоъи Хайрулло Тоҳиров замони ахир, зери чархи иделогияи ҷудоиандози шӯравӣ ба як рукни маҳалгароӣ гироида, мутаалиқ ба Кӯлоб шуд, рамзи ориёни аҳли қадим аст. Ва ин кулоҳ дар водии Кӯлобу Рашту Дарвоз ва Бадахшону Ҳисору Зарафшон ҳам роиҷ буд. Ҳамакнун кулоҳи чакани ориёӣ, ки ба гуфтаи Зафар Мирзоев, аз кулоҳи каёни аҳли қадим маншаъ дорад, ба дастгирии пуливу молӣ ва маънавии давлат ниёз дорад. Зеро кулоҳи чакан ягона рукни фарҳанги либосвори мардона ва рамзи мардонагист, ки аз тохту този ақвоми хориҷӣ ва дину оини бегона барои миллати тоҷик содиқ мондааст.
XS
SM
MD
LG