Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи Ҳафта: Муҳаммадрӯзӣ Искандаров


Раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) ва аз чеҳраҳои матраҳ дар саҳнаи сиёсии ин кишвар аз боздоштгоҳи Маскав мавриди баҳси қишрҳои мухталиф, хоса гурӯҳҳои сиёсӣ шуда ва аз ҷониби дигар асбоби нигаронӣ ва нороҳатии мақомоти Тоҷикистонро фароҳам кардааст.

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, бори дигар бо хабарнигорони зиёде мулоқот кард ва ин иқдомро як навъ беэътиноӣ ва зери по гузоштани конвенсиюни Минск аз ҷониби мақомоти додситонии Русия унвон кард, ки ба назари таҳлилгарон, ба сароҳат нишон аз нигаронии мақомоти ин кишвар дар баробаби қазияи мазкур аст.

Оқои Бобохонов бори охир дар чор моҳи пеш бо хабарнигорон замоне сӯҳбат карда буд, ки оқои Искандаров дар Маскав бо дархости идораи ӯ боздошт шуд. Сӯҳбати додситон дар мавриди раҳоии Искандаров аз ҷониби дигар далели он аст, ки мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, бигӯянд ин қазия як масъалаи танҳо ҳуқуқист. Вагарна ба андешаи соҳибназарон, ҳатто зери по шудани конвенсиюни Минск ва ҳар конвенсюини дигар бояд тавассути вазорати хориҷа изҳор шавад.

Изҳори назар дар мавриди озодии Искандаров дар ҳоле сурат мегирад, ки як ҳафтаи пеш бархе мақомоти Русия ҳамчунин гуфтанд, далоили пешниҳодкардаи Тоҷикистон дар мавриди истирдоди Ҳабиб Насруллоев, яке дигар аз мухолифини пешини давлат қонеъкунанда нест ва асосе барои таҳвил додани ӯ вуҷуд надорад. Аммо ин изҳорот ҳеҷ гуна вокунишеро аз ин сӯ бор наовард.

Аз Муҳиддини Кабирӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) мепурсам, мояи нигаронии давлат аз озодии Искандаров чист? Оқои Кабирӣ мегӯяд: "Ду суолро ин ҳама ба вуҷуд меорад. Якум ин ки, оё додситонии кулли Тоҷикистон натавонист ҷониби Русияро мутақоид кунад бо далелҳо ва фактҳо, ки Искандаров дар воқеъ гунаҳкор аст. Ва дуввум ин ки агар тавонист бо чунин арқом он ҷонибро мутақоид созад, пас чаро мақомоти Русия Искандаровро озод карданд. Агар чунин арқом буд, пас раҳоии Искандаров тобиши сиёсӣ пайдо мекунад.Ин табаъан нигаронии мақомоти тоҷикро ба бор овардааст ва фикр мекунам, ҷойи нигаронии ин мақомот ҳам бояд бошад."

Аммо Афзалӣ Саидҷаъфаров, коршиноси маркази таҳқиқоти стротежии раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳама нигарониҳо асоси воқеъӣ надорад, зеро агар нигаронии мақомот аз нуфузи Искандаров ва даъвати ӯ барои роҳандозии як растохези мардумӣ, тавре гуфтааст, бошад, чунин имконе ва заминаҳои роҳандозии чунин растохез дар Тоҷикистон вуҷуд надорад: "Ин кирои изтироб ҳам нест, чунки раҳбари ҳизби сиёсӣ дар ҷомиъа чӣ гуна қабул мешавад, дорои чӣ эътиборест, ин ҳама эътибори ҳизби ӯро ҳам нишон медиҳад. Ва аз ин нигоҳ, ба назари ман, Искандаров дар ҷомиъа соҳиби чандон эътибору маъруфияте нест, ки як гурӯҳ ё як қишри ҷомиа, маслан зиёиён, аз паси вай рафта, ба кадом фаъолияти сиёсӣ даст занад."

Дар ҳамин ҳол, Исмоил Раҳматов, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, дар ҳар сурат, ин иқдом як навъ нишони адами эътимод дар ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши интизомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аст: "Пеш аз чора дидан, пеш аз озод кардан мақомоти кишвари дигар бояд дар ҷараён гузошта шаванд. Мақомоти Русия дар ин масъала мебоист пеш аз озод кардани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ин амали худро бо мақомоти Тоҷикистон маслиҳат мекарданд. Ва озод кардани Искандаров шояд идомаи бозиҳои сиёсии абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ бошад."

Аммо мегӯяд оқои Раҳматов, мақомоти Тоҷикистон ба ҷои нигаронӣ бояд бештар дар пайи ислоҳи вазъ бошанд. Табиист, ки ҳар гуна даъват ва ҳушдор метавонад боиси нигаронӣ шавад. Аммо коре, ки давлат метавонад ба манзури маҳорсозӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши доманаи норизоиятиҳо бикунад, ислоҳоти сареъи кадрӣ ва шаффофсозии амалкарди мақомот аст.

Аммо воқеъияти имрӯзи ҷомеъаи Тоҷикистон дар ҳар сурат ин аст, ки ҷамъе раҳоии Искандаров ва паёми ӯро ба раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ки гуфтааст, ин озодиро ман ба мардумам тақдим хоҳам кард, ба унвони таҷдиди назари Русия дар бархӯрд ба нирӯҳои мухолиф истиқбол кардаанд ва дар айи ҳол ҳамин маънӣ боиси нигаронии ҷамъе дигар гаштааст. Ба ибораи дигар, шикоф ва мавзеъгириҳо дар дохили ҷомеаи кишвар низ амиқтар мешавад.
XS
SM
MD
LG