Пайвандҳои дастрасӣ

Оё занони тоҷик ҳаққи моликият ба заминро доранд?


Тибқи таҳқиқоти Бонки Осиёии Рушд, сатҳи қашшоқӣ дар байни сокинони Тоҷикистон 63 дарсад шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли 1992 82 дарсади аҳолии Тоҷикистон камбизоат ё қашшоқ муаррифӣ мегашт.

Рӯзи душанбе, 11 апрел, зимни як нишаст, ки бо пуштибонии молии Бонки Осиёии Рушд ва ибтикори кумитаи занони Тоҷикистон таъсис шуда ва намояндагони созмонҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии марбут ба масоили занон, ширкат доштанд, ин масъала мавриди таваҷҷӯҳ қарор дошт.

Ҳелен Томас, мушовири Бонки Осиёии Рушд ба радиои Озодӣ гуфт, таҳқиқот нишон медиҳад, дар миёни мардуми камбизоати кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон занон ба кӯмаки бештар ниёз доранд, зеро дар ин кишвар ба зан ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеъа ҳанӯз комилан таваҷҷӯҳ зоҳир намешавад. Яке аз роҳҳои афзалиятноки беҳбуди сатҳи ҳаёти иҷтимоии занон ва коҳиш додани камбизоатӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд хонум Томас, дастёбӣ ба замин ҳамчун моликияти хусусӣ мебошад: "Мутаассифона, имконоти истифодаи занон аз замин дар ин кишвар маҳдуд мебошад ва ислоҳоти замин метавонад ҷиҳати дастёбии занон ба замин ба ҳайси як манбаъи даромад мусоидат намояд. Бонки Осиёии Рушд омода ҳаст, зимни маблағгузории тарҳҳои ҷадид дар ин кор ба занҳои Тоҷикистон кӯмак намояд".

Дар ҳамин ҳол, Бибиҳоҷар Раҳимова, мушовири барномаи занони Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар роҳи дастёбии занон ба замин ҳамчун моликият чанд мушкил вуҷуд дорад, ки аз байн бурдани онҳо танҳо ба манфиати кор хоҳад буд. Бибиҳоҷар Раҳимова мегӯяд: "Ба назари ман, бояд ҳанӯз дар боғча ва мактаб масоили гендерӣ ё баробарии ҷинсиро ба мардум омӯхт, то ҷомеъа ин мафҳумро дарк карда тавонад. Ҳамчунин бояд қонунҳо бо дарназардошти расму одат ва фарҳанги мардуми тоҷик қабул гарданд."

Руқия Қурбонова, раиси кумитаи занони ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, роҳандозии барномаи баробарҳуқуқии ҷинсӣ ба ӯҳдаи кумитаи занони кишвар аст, аммо ин кумита бо нуфуз ва имконоти нокифояе, ки дар даст дорад, наметавонад аз ӯҳдаи ин вазифаи сангин ба танҳоӣ барояд. Руқия Қурбонова мегӯяд: "Дар ин самт ҳамкории вазорат ва кумитаҳои давлатӣ бо кумитаи занон лозим аст. Ҳамчунин масъулине, ки ба ин масъала сарукор доранд,онро бояд дуруст омӯзанд. Мардон бештар бояд ба масъалаи баробарии ҷинсӣ дар кишвар ҷалб карда шаванд."

Бар асоси таҳқиқоти Бонки Осиёии Рушд, дар миёни сарварони беш аз 3000 хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон танҳо 25 дарсадро занон ташкил медиҳанд, Ин дар ҳолест, ки 58 дар сади коркарди замин ва истеҳсоли маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқониро занон бар ӯҳда доранд, аммо ҳаққулзаҳмаи занон нисбат ба мардон 20 дарсад дар деҳоти Тоҷикистон камтар будааст.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG