Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии сахти тими футболи Тоҷикистон


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар рақобатҳои футболи Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, аз тими мунтахаби футболи бошгоҳҳои Эрон бо ҳисоби 0 - 9 шикаст хӯрд. Дар ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи Амир Файсали шаҳри Ҷидда баргузор шуд, Меҳрдоди Авлодӣ 4 гол, Фаридуни Фазлӣ 3 гол, Муҳаббати Ҷабборӣ ва Тақипур 1-голӣ заданд. Пеш аз ин дидор дар сабқати гурӯҳи «А» мунтахаби Уммон бар тими Судон бо ҳисоби 4 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард. Дар даври дуввуми мусобиқот рӯзи 12 апрел Тоҷикистон бо Уммон ва Эрон бо Судон зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Ҳамзамон дастаи мунтахаби баскетболи Тоҷикистон дар нахустин дидори худ аз дастаи Либия бо ҳисоби 55 бар 111 мағлуб шуд. Дастаи мунтахаби волейболи Тоҷикистон низ нахустин бозии худро ба мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 0 бар 3 бохтааст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG