Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулл раҳоии Искандаровро иштибоҳи Маскав номид


Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи душанбе, 11 апрел дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки идораи вай раиси Ҳизби Демократ Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро аз нав дар маърази ҷустуҷуи байналмилалӣ қарор додааст. Оқои Бобохонов қарори додситонии кулли Русия дар бораи раҳоии Искандаров аз боздоштро иштибоҳ номид ва гуфт, дар пайи исрори Душанбе мақомоти Маскав ӯро аз нав таҳти таъқиб гузоштаанд. Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, тафтиши парвандаи Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро қатъ накардаанд ва акси ӯ дар фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳани Русия ҳамчунон дар тахтаи ҷиноякорони хеле хатарнок овехта шудааст.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, номаи расмии ҷониби Русия дар бораи сабабҳои раҳоии Искандаров то кунун ба Душанбе нарасидааст. Бобоҷон Бобохонов гуфт, раҳоии раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз боздоштгоҳи Маскав бидуни далел ва бо мусоидати гурӯҳе аз мақомоти раҳбарии додситонии кулли Русия сурат гирифтааст. Ӯ аз ҷумла бидуни зикри ном яке аз ҷойнишинони додситони кулли Русияро муттаҳам кард, ки дар қазияи раҳоии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров саҳим будааст.

Оқои Бобохонов мегӯяд, аз 17 декабри соли гузашта ба ин тараф вай ба Маскав 6 санади расмӣ ирсол карда буд, ки дар он бо далоили ба гуфтаи ӯ мушаххас иттиҳомоти эълоншуда бар зидди оқои Искандаров, аз ҷумла иттиҳоми ӯ ба терроризм ташреҳ шуда буд. Додситони кулли Тоҷикистон дар амри раҳоии раиси Ҳизби Демократ ширкати алюминфурӯшии "Ансол" ва генерал Ғаффор Мирзоевро, ки дар Душанбе дар боздошт ба сар мебарад, низ муттаҳам кард.

Ҷузъиёти бештари ин хабарро соати 19-00 ба вақти душанбе дар барномаи шомгоҳии мо хоҳед шунид.
XS
SM
MD
LG