Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 нафар дар асари ҳамлаи ярч дар Норак


Ҳамлаи ярч ду манзилро дар ду рустои Узбек-Лангар ва Найзираки Норак зери хок карда, мунҷар ба ҳалокати 3 нафар дар Найзирак ва 1 нафари дигар дар Узбек-Лангар шудааст. Ин 4 нафар зинда ба зинда таги бори хок мондаанд.

Оймуҳаммад Назаров, сардори шӯъбаи фаврии ситоди вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҷуз ин ду манзил сохтмонҳои дигар дар ин ду рустои Норак аз кӯчиши хок зиён надидаанд.

Оқои Назаров ҳамчунин гуфт, селу боришоти рӯзҳои охир дар ноҳияи Ёвон 43 манзил ва дар ноҳияи Ҷомӣ 15 манзили дигарро тахриб кард. Вай афзуд, ки вазорати ҳолоти изтирорӣ ба кӯмаки зарардидагон шитофта, барои онҳо беш аз 100 хаймаву тақрибан 15 тонна маводи ғизоӣ бурдааст.

Ҳамчунин дар бораи хисороти зиёди селу боришот дар навоҳии Восеъу Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон гузориш мешавад. Дар ноҳияи Восеъ офати табиӣ бештар аз ҳама ба деҳоти ду ҷамоати Гулистони Пахтакор зарар расондааст.

Оймуҳаммад Назаров гуфт, бино бар ҳисоби пешакӣ, ҷамъи хисороти ворида дар натиҷаи селу боришоти шадиди ахир тақрибан 2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳудуди 700 ҳазор доллари амрикоӣ баробар аст.
Бароти Юсуфӣ, Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG