Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзами 3-соларо милиса пайваста боздошт мекунад


Кӯдакони хиёбонӣ. Кистанд онҳо? Чӣ зиндагие ба сар доранд? Чаро аксари онҳо муҳити хонаводаро ба муҳити сарду сангин ва бераҳми хиёбонҳо, даромадгоҳу зери пиллаҳои биноҳои бисёрошёна иваз мекунанд? Бо рангу руйи парида, ки аз гуруснагии чандинрӯза ва либосҳои кӯҳнаву беранг, ки аз оворагиву бесарусомонии эшон дарак медиҳанд, сари ҳар кӯчаву бозор онҳоро метавон вохӯрд.

Хоҳиши вохурӣ ва сӯҳбат бо ин кӯдакон моро ба идораи нозироти вазорати дохила оид ба ноболиғон овард. Гулрафтор Нурова - муовини сардори нозироти вазорати дохилаи Тоҷикистон, оид ба ноболиғон дар робита ба ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, зимни як амалиёт ҳудуди 400 кӯдаки бепарастор оварда шудааст, ки синнашон аз 3 то 17-сола мебошад.

Хонум Нурова гуфт: "Мо ин кӯдаконро, ё ба хонаҳояшон бармегардонем, ё ба интернати кӯдакони бепарастон мефиристем. Кӯдакони бесоҳиб ҳам ҳастанд, ки онҳоро мо ба мактабҳои махсус, ё техникумҳо барои хондан мефиристем." Хонум Нурова ҳамчунин афзуд, бо сабаби набуди имконоти молӣ онҳо наметавонанд, ин кӯдаконро бештар аз 30 рӯз дар ин ҷо нигоҳ доранд.

Мусоҳиби нахустини мо дар ҳуҷраи нигаҳдории идораи нозирот Меҳрубон ном духтари 13-сола аст. Вай мегӯяд, дар хонаашон онҳо 10 нафаранд ва зиндагии фақирона доранд. Волидонаш ҷойи кор надоранд. Меҳрубонро гуруснагии пайваста ба кӯча андохтааст.
Вай мегӯяд: "Апаам маро мефиристад, то пул кор кунам. Ман рафта гадоӣ мекардам."

Муҳаммад 14-сола аст. Вай мегӯяд, падараш бо гуноҳи куштори модараш ба зиндон кашида шудааст. Ва ӯву ду бародараш дар тарбияи амаки маъюбаш мебошанд: "Ман падару модар надорам. Падарам модарамро кушт ва ҳоло дар зиндон аст."

Қиёмиддини 11-сола низ, бо сабаби нодориву камбизоатии хонавода рӯ ба кӯча овардааст. Вай гоҳ мошиншӯӣ, гоҳ испанддудкунӣ ва баъзан гадоӣ мекадааст. Қиёмиддин мегӯяд, ӯро бачаҳои бузургсолтар дар кӯча лату кӯб мекарданд ва пулҳои ба ивази корҳои сангин ба даст овардаашро аз ӯ мерабуданд.

Оворагарди хурдсолтарин, Аъзами 3-сола аст, ки ба гуфтаи нозирон бори саввум аст, ба дасти кормандони нозирот меафтад. Мастура Аббосова яке аз нозирони идораи мазкур дар ин маврид гуфт: "Модари Аъзам дар бозор мешинад ва барои нигоҳубини ӯ вақт надорад. Бори сеюм аст, ки ӯ ба ин ҷо меафтад."

Бобохон Бобораҷабов, устоди Донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар робита ба сарнавишти кӯдакони хиёбонӣ мегӯяд, ин кӯдакон бояд таҳти пӯшиш ва ғамхории давлат қарор дошта бошанд,зеро: "Ҳатто аз миёни ин кӯдакон одамони номдор шояд мебароянд ва барои пешрафти ин сарзамин хидмат мекунанд."

Дар ҳамин ҳол Гулрафтор Нурова - муовини сардори нозироти вазорати дохилаи кишвар мегуяд, ахиран Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал тибқи як барнома барои кӯдакони бепарастор, ба маблағи 8 000 доллар дорувор, ашёи хониш, маводи ғизоӣ ва ҷиҳати таъмиру тармими бинои нигаҳдории ноболиғони нозирот, ирсол доштааст.
XS
SM
MD
LG