Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози муҳокимаи ҳафт узви "Ҳизб-Ут-Таҳрир"


Додгоҳи вилояти Суғд муҳокимаи ҳафт сокини ин вилоят, аз ҷумла Азим Азимов ва Мирзо Ҳомидов - донишҷуёни бахши шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро шурӯъ кард, ки ба фаъолият дар Ҳизб-Ут-Таҳрир, барангезиши кинаву адовати милливу мазҳабӣ, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва кӯшиши барҳам задани сохтори қонунии Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.
Муттаҳамин аз 20 то 30 сол доранд ва тайи чаҳор моҳи ахир аз сӯи кормандони мақомоти амниятии Суғд боздошт шудаанд. Ба гуфтаи Содиқ Қурбонов - раиси мурофиаи додгоҳӣ, ҳангоми боздошт аз манзилҳои онҳо варақа ва адабиёти тарғиботии Ҳизб-Ут-Таҳрир кашф ва мусодира шудааст.
Вакилони мудофеъи муттаҳамин аз баёни назари худ дар мавриди иттиҳоми додгоҳ нисбати нафарони таҳти ҳимояташон худдорӣ меварзанд. Вале худи ҳафт нафар ҷавонони ба курсии айбдорӣ нишаста даст доштани худро дар таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ ва фаъолият алайҳи давлати Тоҷикистон рад намуданд. Чанде қабл додгоҳ зимни бозбинии такрорӣ ҳукми қаблии худро нисбати ба 5 маҳкумшуда, ки дар моҳи августи соли гузашта аз дуввуним ва ҳафт соли зиндон муайян шуда буд, ба ҳаштуним то ёздаҳ соли ҳабс иваз кард.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG