Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳр бо одамонаш зебост. Попи Рум дар ислом? Ёвари ҷаҳонгардони бепул.


ЗЕБОТАРИН ШАҲРИ ҶАҲОН? Зеботарин шаҳри дунё кадом аст? Ҷавобҳо: Париж, Рим, Маскав, Исфаҳон, Истаравшан, Самарқанд, Кӯлоб, Панҷакент. Маълум мешавад, ҳар кас шаҳри худро дорад. Аммо як шаҳрро 7 нафар зеботарин номиданд: Ду-шан-бе!

Салими Аюбзод
Оё чи чиз як шаҳрро ба чашми мо зебо мекунад? Ончи мебинем? Биноҳо, дарахтон, гулгаштҳо? Ҳамнафаси мо дар зеботарин шаҳри ҷаҳон, Душанбе, Абдураҳими Умарзод, ин саволро бо гурӯҳе аз донишҷӯёни бахши меъморӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баррасӣ кард. Савол ин буд, ки агар шумо сармеъмори шаҳри Душанбе мебудед, чӣ кор мекардед? Ҷавобҳо: Суннатҳои миллиро дар як таносуби зебо бо меъмории муосир пайванд медодем. Истифодаи шишакории зиёд дар шароити кишвари мо дуруст нест. Агар суннатҳои меъмории миллиро ҳифз накунем, онҳо фаромӯш мешаванд.

АНДӮҲИ НАСРОНИЁН

Албатта, ба ғайр аз насрониён, мусулмонҳо, яҳудиён, буддоиҳо ва намояндагони адёни гуногун аз фавти попи Рум Ҷон Поли дуюм андӯҳгин шудаанд ва ба Ватикон паёмҳои тасаллият мефиристанд. Ва дар Ватикон касеро меҷӯянд, ки ҷонишини арзандаи Ҷон Поли дуюм гардад.
Попи Рум ва ё Рим, раҳбари католикҳои ҷаҳон аст ва бо вуҷуди он ки католикҳо ба мазҳабу равияҳои зиёде тақсим шудаанд, боз ҳам фатвои Попи Рум барои онҳо ҳукми қонуни диниро дорад. Аммо дар ислом чунин марҷаъ ва ё мақом арзи ҳастӣ накардааст. Чаро мепурсам аз устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, Домулло Зубайдуллоҳи Розиқ, ки дар ҷавоб мегӯяд, католитсизм расман аз сиёсат ҷудо ва дур аст, аммо ислом омезише бо сиёсат дорад ва шароити гуногуни сиёсии кишварҳои мусулмон иҷоза намедиҳад, ҳамаи уммати ислом як шахси алоҳидаро марҷаъи ягона қарор диҳанд. Дар ҳар мазҳаб уламои бонуфузи он мавҷуданд, ки аҳли он мазҳаб ба фатвои ин шахс итоат мекунанд. Домулло Зубайдулло шарҳ медиҳад, ки гуногунии ақидаҳо дар афкори исломӣ ба манфиат аст, зеро барои пешрафт хидмат мекунад, ҳарчанд дар ислом ба сурати куллӣ як парокандагӣ низ ба мушоҳида мерасад. Дар ҳамин ҳол як шореҳ дар рӯзномаи "Гордион" дар рӯҳи интиқод аз хештан навишт, калисои католик як ниҳоди демократӣ нест ва наметавонад чунин бошад ва гумон аст, интихоботи попи нав аз рӯи ин меъёр ба амал ояд.

ҶАҲОНГАРДИИ БЕПУЛ

Ин рост нест, ки бисёриҳо пули сафар кардан надоранд. Паёмҳои электронӣ дар ҷавоби саволи мо, ки зеботарин шаҳри ҷаҳон кадом аст, аз ҳар гӯшаву канори дунё расидаанд. Ана, Фаррух аз Ҳиндустон менависад, ин кишвар хеле зебост, аммо шояд ба сабаби камбуди ҷо, хонаҳояш хурд-хурданд. Дӯсти дигари мо аз Миср менависад, зеботарин шаҳри ҷаҳон Маккаи мукаррама аст. Бале, шаҳри муқаддаси мусулмонон. Аммо агар пули сафару ҷаҳонгардӣ надоред, ҳамкори мо дар Ню Йорк, Латифи Латифӣ пешниҳод мекунад, ки метавонад, харҷи шуморо хеле кам кунад, то ошиқи ҷаҳонгардӣ шавед. Вай дар бораи созмони Сервас (Servas) хабар медиҳад, ки қариб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон рӯйихати мизбононро дорад. Мизбонон омодаанд, меҳмонҳоро аз кишварҳои дигар пазироӣ ва роҳбаладӣ кунанд. Чанд меҳмон аз чанд кишваре ки қабул кардӣ, ба ҳамин миқдор кишвар сафар карда метавонӣ. Намояндаи Servas ба хабарнигори мо гуфтааст, мақсади он ба ҳам наздик ва дӯсту ошно кардани мардумони мамолики гуногун будааст. Афсӯс, то ҳоло Тоҷикистон яке аз он кишварҳои камест, ки ҳанӯз ба ин шабака шарик нашудааст. Саҳифаи интернетии Сервас: www.servas.com

МАНЗАРАҲОИ ДУШАНБЕ

Ва ҳоло бармегардем ба кӯчаҳои Душанбе, шаҳре ки аксарияти шумо онро зеботарин дар ҷаҳон номидед. Ҳамкорам Раҳматкарими Давлат ба кӯча мебарояд ва бояд бигӯяд, ки аввалин чизе ки дар кӯчаҳои Душанбе мебинад, чист? Гузориши ӯ ба вазъи меъмории пойтахти Тоҷикистон бахшида шудааст ва коршиносон мегӯянд, шаҳр ҳамоно натавонистааст, ба меъмори миллӣ баргашта, симои хоси худро эҷод кунад. Аз сӯи дигар, сохтмони хусусӣ бо истифода аз тарҳу лоиҳаҳои ҳаваскорона ва ё нусхабардории биноҳо аз кишварҳои хориҷӣ ин манзараро ҳам зебову рангоранг ҳам беназму бепайванд гардондааст. Хулоса ин аст, ки меъморӣ низ монанди сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанги кишвар як даврони гузаришро ба сар мебарад ва дар нимароҳ аст. Вале боз ҳам Душанбе барои мо зеботарин шаҳри ҷаҳон мебошад.

МУШКИЛИ АСОСИИ ТОҶИКИСТОН ЧИСТ?

Бо ҳамин савол ба истифодабарандагони саҳифаи интеретии Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ муроҷиат карда будем. Инак, чанд намуна аз посухҳо:

"Ассалому алейкум, дӯстони арҷманд!
Мушкили асосии имрӯза ва доимии мардуми Тоҷикистон, ба яқинии ман, маҳалгароӣ мебошад. Маҳалгаро ба худ баҳои баландтар ва ба дигарон баҳои пасттар медиҳад, ки ҳарду дуруст намебошанд ва ба гумроҳӣ мебаранд. Ва аз сӯи дигар мардуми мардумест, ки ба вазъи худ эътино намекунад ва ҳамеша кори имрӯзаро ба фардо вомегузорад. Дар робита бо он ки шумо дар барномаи худ бекориро низ як мушкили Тоҷикистон номидед, ман мегӯям, дар кишвари мо, ки аграрӣ, яъне кишоварзист, бекорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ин мушкил хоси кишварҳои саноатист, на аграрӣ. Муваффақ бошед ва сайъ кунед, ки мардумро ба ҳидоят равона кунед, на ба залол."
Абдулло Юлдошев

"Мушкили Тоҷикистон на яктост, балки бешумор. Пеш аз ҳама сухан зиёд асту амал кам. Фасоду ришват, камии музди кор ва бекорӣ, пастии сатҳи маърифату фарҳанг ва ғайра. Вале солҳост мегӯему чизе дигар намешавад. Ба назари ман чунин менамояд, ки мардуми мо муваққатан зиндагӣ мекунад ваё зиндагии ҳақиқиро ба таъхир мегузорад. Аммо бояд як чизро дар назар дошт, ки барои хушбахтии як миллат чизи андак даркор аст. Фақат бояд ҳар кас дар ҷои худ бошад ва аз таҳти дил меҳнат кунад. Мо мутахассис надорем ва ба ин нигоҳ накарда, мутахассисони худро ба осонӣ аз ватан берун мекунем, ки ба манфиати кишвар, мардум ва иқтисодиёти бегона кор кунанд. Мардуми чалсаводе ки имрӯз вазифаҳои баландро зери пои худ кардаанд, аз он ҷо ки ба вазифа сазовор нестанд ва чӣ кор карданро намедонанд, аз роҳи макру фиреб ва ё пораю ришва умри худро дар ин мансабҳо дарозтар мекунанд ва аслан на дар ғами халқанду на дар ғами ватан. Фикр кунед, ки агар дар даҳ соли гузашта одамони арзанда, мутахассис ва кордон дар сари ин вазифаҳо мебуданд, чӣ қадар кори зиёде анҷом дода мешуд ва кишвар ҳоло ба куҷоҳо мерасид. Вале мо ҳамон манзараи кӯҳнаро мебинем, ки корхонаҳо кор намекунанд, ягон мол истеҳсол намешавад ва Тоҷикистон ҳамон як кишвари содиркунандаи маводи хом боқӣ мондааст."
Нилуфар Бӯриева, Киев, Украина

"Дуруд ба ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ!
Ман аз номаи фиристодаи шумо хеле хушҳол шудам. Ташаккур.
Ман фикр мекунам, мушкили асосии мардуми мо бехабар будан аз ҷаҳони беруна аст. Ин мушкили мардум, аммо мушкили кишвар ин аст, ки ба масале "об аз боло лой". Набудани демократия дар Тоҷикистон, парокандагии мардум, марази маҳалгароӣ, мансабталошӣ, манфиати шахсӣ (яъне фақат дар ғами кисаи худ будан) ва аз ин сар мешавад фасод ва ришва (коррупсия), пастии музди кор, иҷро нашудани қонун, бекорӣ, дахолати нирӯҳои беруна, беэътиноӣ ба вазъи худ ва ғайра.
Дар амони худо бошед."
Бобо Умарбекзод, аз Белгия

"Ҳама чиз ба қонуну қонунмандӣ робита дорад ва қонун метавонад, як ҷомеъаро ба сӯи рушду нумӯъ барад. Аммо қонунҳои кишвари мо бисёр навоқис доранд ва онҳо иҷро ҳам намешаванд. Агар қонун амал кунад, на ришвахорӣ мешаваду на маҳалгароӣ. Бисёр таассуфангез аст, ки олимони тоҷик дар сохтани ҷомеъаи имрӯзаи мо нақши муҳим надоранд. Ман муддати як сол дар Тоҷикистон будам ва дар ҳамаи ин муддат як мақола дар бораи глобализатсия нахондам. Гӯё мо дар ин ҷаҳон нестем."
Муҳаммадрозиқ Шоев
XS
SM
MD
LG