Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи нахустин саҳифаи электронӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар Суғд


www.humanright.tj - чунин ном дорад нахустин саҳифаи вижаи электронӣ дар бораи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон. Ин саҳифаи тозаро дар шабакаи Интернет созмони ҷамъиятии «Ҷавонон ва тамаддун» ахиран дар шаҳри Хуҷанд боз кард. Ва чунон ки аз номаш пайдост, саҳифаи нави электронӣ умдатан ба масоили марбут ба ҳуқуқи инсон, ба хусус ҷавонон бахшида шудааст.

Абдусамад Султонов - сарвари созмони «Ҷавонон ва тамаддун» мегӯяд, саҳифаи онҳо иттилоъотиву маърифатӣ буда, як василаи расонидани садои ҷавонони Суғд ба гӯши ҷаҳониён аст: «Агар ман бигӯям, ки саҳифаи электронии мо як барномаи стратегии доир ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд мешавад, хато нахоҳам кард. Зеро мо ният дорем дар саҳифа номгӯи ташкилотҳоеро, ки дар самти ҳимоят аз ҳуқуқи инсон фаъолият мебаранд, ҷой диҳем ва дар бораи онҳо маълумот пешниҳод намоем. То ин ки ҷавононе, ки ба барномаҳои мо ҷалб намешаванд, бо мову чунин созмонҳо иртибот ёбанд. Умуман нияти мо ин аст, ки саҳифаи электронии мо ба як портали дар мавзуъи ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд табдил ёбад. Зеро дар ҳоли ҳозир дар вилоят ягон сайти алоҳида дар ин мавзӯъ вуҷуд надорад ва эҳтиёҷ ба чунин чиз хеле бузург аст.»

Абдусамад дар сӯҳбат бо барномаи «Ояндасоз» - и Радиои Озодӣ афзуд, ҷавонони дар Тоҷикистон як қишри аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ бештар осебпазири ҷомеа мебошанд. Мақомоти кишвар ҷавононро аз иштирок дар идораи давлат ва ишғоли мақомҳо дар канор гузоштааст. Дар интихобот ба парламенти кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ ҷавонони синнашон аз 30-сола поин тақрибан роҳ наёфтаанд. Бекориву мардикорӣ, таҳсили пулакӣ ва коррупсия домангири ҷавонон аст. Ба гуфтаи вай, инҳо мавзӯъҳоеанд, ки дар саҳифаи электронӣ ҷой хоҳад ёфт:

«Мушкилоти асосии ҷомеаи мо ин коррупсия, ришваву порагирӣ аст. Коррупсия ба соҳаи маориф ва илм ҳам сироят кардааст. Аз ин рӯ, ҳуқуқи ҷавонон ба таҳсил ҳар лаҳза поймол мешавад, ҷавонон бо дониши кофӣ ва бо роҳи ҳалол наметавонанд озодона ба донишгоҳҳо дохил шуда, ҳангоми таҳсил баҳо гиранд. Бе додани ришва ёфтани ҷои кори хуб низ душвор аст. Мо ба масъалаҳое диққати ҷиддӣ хоҳем дод, ки хусусияти барои тамоми ҷавонони тоҷик умумӣ дошта бошад.»

Созмони ғайриҳукуматии «Ҷавонон ва тамаддун» тӯли чаҳор сол аст дар самти боло бурдани маърифати ҳуқуқии ҷавонони Суғд фаъолият мекунад ва тирамоҳи соли гузашта дар бораи ҷалби иҷбории донишҷӯёни Суғд ба пахтачинӣ садо баланд карда, ин иқдоми мақомотро поймол намудани ҳуқуқи ҷавонон ба таҳсили озод арзёбӣ намуда буд.
XS
SM
MD
LG