Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президентҳо дар масъалаи шиносномаҳои хориҷӣ барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба созиш расиданд


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ризоияти раҳбарияти Русияро ба додани шиносномаҳои хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия муҳимтарин натиҷаи мулоқоти худ бо президенти Русия Владимир Путин дар Сочи номид. Хабари ризоияти Русияро ба ин амал президент баъд аз мулоқоти рӯзи чаҳоршанбе дар Сочи бо президенти Тоҷикистон ба хабарнигорон эълон кард. Вай гуфт, Русия ба вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Русия шиносномаҳоии хориҷӣ бидиҳад. Путин афзуд, тарафҳо ба созиш расиданд, ки барои ин кор дар панҷ шаҳри Русия шароит фароҳам оварда шавад. Ба гуфтаи президенти Русия, дар ин шаҳрҳо ба намояндагони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон биноҳои махсус дода мешавад. Президент Раҳмонов ба ин гуфтаҳо илова кард, ки ризоияти ҳосилшуда муҳимтарин дастоварди мулоқоти Сочи мебошад. Вай афзуд, ки Тоҷикистон мехоҳад, дар ҷараёни чунин шиносномадиҳӣ ягон амали хилофи қонун сурат нагирад. Ба ин тартиб шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия ба сар мебаранд ва гуфта мешавад, шумораи онҳо аз 800 ҳазор то 1 миллион нафар аст, метавонанд, бе он ки ба Тоҷикистон сафар кунанд, аз намояндагони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар худи Русия шиносномаҳои хориҷӣ гиранд. Русия эълон кардааст, ки сар аз 24-уми май ҳама гуна сафарҳо ба Русия ва аз Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ амалӣ мешавад. Ба гуфтаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, бо вуҷуди эълонҳои мақомоти Тоҷикистон, то ҳанӯз ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия шиносномаи хориҷӣ нагирифтааст, зеро ду кишвар дар масъалаи тақсими шиноснома дар ҳудуди Русия ба созиш нарасида буданд.Сафири Тоҷикистон дар Русия Сафар Сафаров дар гуфтугӯи телефонӣ бо мо ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, эҳтимол додани шиносномаҳо дар Русия аз 1-уми майи соли равон шурӯъ шавад.
Салими Аюбзод
XS
SM
MD
LG