Пайвандҳои дастрасӣ

Гумкардаҳои худро пайдо кунед


Айни ҳол дар Тоҷикистон чанд созмони ғайриҳукуматӣ аз рӯи дархости ашхоси алоҳида ба ҷустуҷӯи одамон машғул аст. Акнун, бо ибтикори сарвари бисту шашсолаи якеи ин созмонҳо, ҳамаи ин ташкилот дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ фаъолият хоҳанд кард. Ин созмонҳои ғайриҳукуматиро хадамоти ҷустуҷӯии одамон ба истилоҳ зери як бом гирд меоварад.

Алиҷон Солиев - мубтакири таъсиси хадамоти ҷустуҷӯии одамон мегӯяд, ин хадамот ба навъи худ нахустин чунин як созмон дар Тоҷикистон хоҳад буд ва он ба шакли як созмони ғайриҳукуматӣ фаъолият хоҳад кард. Ҷаноби Солиев зарурати ин корро дар ҳамоҳанг сохтани кори созмонҳои машғул ба ҷустуҷӯ ва ҳам зиёд будани ниёз ба фаъолияти чунин як хадамот медонад. Ахиран, Алиҷон Солиев маркази ҷамъиятии «Позитив» ва дар назди он телефони бовариро ташкил додааст. Тӯли фаъолияти якмоҳаи худ тавассути ин телефон чанд дархост шудааст ва аллакай як занро ҷустуҷӯ намуда ёфтаанд. Ин зан аз Молдова будааст ва ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ мезистааст.

Алиҷон Солиев мегӯяд, бештар муҳоҷироне, ки ба дигар кишварҳо ва аксаран замони ҷанги шаҳрвандӣ кӯчида рафтаанд, ҷустуҷӯ мешаванд. Ҳамчунин, шаҳрвандони кишварҳои дигар хешу таборон ва дӯстонашонро ки муқими Тоҷикистон будаанд, меҷӯянд. Маркази Алиҷон Солиев бо марказҳои ҳамтояш дар Русия ва Молдова ҳамкорӣ мекунад. Пас аз таъсиси хадамоти ҷустуҷӯӣ ҷуғрофиёи ин ҳамкориҳо тавсиъа меёбад, мегӯяд Алиҷон Солиев.

Хадамот дар баробари ҷустуҷӯи хешу таборон ва дӯстони шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки имрӯз дар Тоҷикистон сукунат доранд, ба ҷустуҷӯи муҳоҷирони тоҷик дар хориҷа, дар ҳоли ҳозир дар қаламрави ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ ва дар оянда дар кишварҳои дури дигар, аз ҷумла Туркияву Ирон ва давлатҳои араб машғул хоҳад буд. Аммо барои ба роҳ мондани фаъолияти густардаи хадамот як силсила мушкилотро бояд ҳал кард, мегӯяд Алиҷон Солиев, аз қабили мушкилоти нақлиёт, набуди маълумоти нав дар бойгонӣ ва боз ҳамкорӣ бо ташкилоти давлатӣ.
Ҳар нафаре агар касеро меҷӯяд дар Тоҷикистон ва ё хориҷ аз он метавонад ба телефони боварӣ занг бизанад. Рақами телефон ин аст: (992 372) 34 43 73. salijon@mail.ru

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG