Пайвандҳои дастрасӣ

Мухолифати Лукин ба истирдоди Ҳабибулло Насруллоев


Омбудсмен ва ё масъули ҳукумати Русия дар умури ҳимоят аз ҳуқуқи инсон Владимир Лукин гуфтааст, истирдоди Ҳабибулло Насруллоев собиқ раиси идораи Тоҷикматлуботи Тоҷикистонро аз Маскав ба ватанаш зарур намешуморад. Ӯ гуфтааст, умуман ҷонибдори он нест, паноҳандагон аз Русия ба кишваре истирдод шаванд, ки замонати муҳокимаи одилонаи онҳо вуҷуд надорад.
Ҳабибулло Насруллоев, ки яке аз фармондеҳони собиқи фронти халқии Тоҷикистон низ буд, дар сари ҳокимият овардани Эмомалӣ Раҳмонов нақш дорад. Ӯро дар Русия бо дархости Додситонии кулли Тоҷикистон боздошт карданд. Додситонӣ Ҳабибулло Насруллоевро дар кӯшиши табадуллоти давлатӣ ва тероризм айбдор мекунад. Ӯ беш аз як солу 8 моҳ аст, ки дар як зиндони Маскав ба сар мебарад. Ҳукумати Маскав чанде пеш дархости паноҳандагии ин шаҳрванди Тоҷикистонро рад карда буд.
XS
SM
MD
LG