Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоишҳои телевизиони "Сомониён" қатъ шуданд


Тибқи қарори Кумисюни иҷозадиҳанда ва ё литсензионии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон нашри барномаҳои телевизиони хусусии "Сомониён" қатъ гардид ва масъули ин кумисюн мегӯяд, раҳбарияти "Сомониён" барои идомаи фаъолияти худ бояд аз нав иҷозанома гирад. Сардори бозрасии кумитаи давлатии радио ва телевизион ва дабири кумисюни литсензионӣ Баракатуллоҳ Абулфайзов мегӯяд, мӯҳлати амали иҷозаномаи ин шабака ҳанӯз дар соли гузашта ба поён расида буд. Ба гуфтаи Абулфайзов кумисюни литсензионӣ ба таври истисно ва бо дарназардошти интихоботи порлумонии Тоҷикистон мӯҳлати эътибори иҷозаномаро ба се моҳи дигар дароз кард ва ҳамзамон борҳо ба раиси "Сомониён" нома фиристод, ки санадҳои худро аз нав таҳия намояд. Вай таъкид кард, ки баста шудани телевизиони мазкур ба мӯҳтавои намоишҳои ин телевизион бастагӣ надорад. Аммо Икром Мирзоев, раиси шабакаи телевизионии "Сомониён" мегӯяд, дар атрофи муассисаи ӯ як бозии сиёсӣ идома дорад, ки манфиатҳои шахсӣ ангезанда онанд. Дар ҳамин ҳол нозирони бетараф мегӯянд, телевизиони "Сомониён" дар маъракаҳои интихоботӣ ахбори дақиқ ва фарогир нашр менамуд, ки шояд на ба ҳама писанд бошад. Онҳо мегӯянд, тарзи муносибат ба ин шабака идомаи сиёсатест, ки дар баробари нашрияҳои мустақили кишвар гирифта шудааст.
Абдуқаюми Қаюмзод
XS
SM
MD
LG