Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории кишварҳои минтақа дар пешгирӣ аз вабои мол ва дигар бемориҳои уфунии чорво


Гузориш аз нишасти байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе Бемории чорво, ки марзҳоро намешиносад, метавонад, хеле зуд дар минтақаи васеъ паҳн шавад ва ба соҳаи чорводории кишварҳои гуногун зарбаи мудҳиш занад. Барои пешгирӣ аз ҳолатҳои уфунӣ танҳо дар як кишвар эм кардани ҳайвонот кофӣ нест.

Намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Озорбойҷон таҳти сарпарастии Бунёди хӯрок ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунандаи чорворо баррасӣ карданд. Чандин навъи чунин беморӣ, ба монанди вабои мол, барфак, сиёҳзахм, оқсил, сумдард ва ғайра метавонад, хеле зуд аз марзҳои давлатӣ гузашта, ба кишварҳои гуногун паҳн шавад ва ба иқтисодиёти ин мамолик зарбаи ҷиддӣ занад. Дар нишаст нахуст олимони соҳа аз табиати ин бемориҳо ва таърихчаи онҳо дар минтақа ҳарф заданд ва сипас якҷо бо намояндагони кишварҳои ширкаткунанда роҳҳои пешгирии густариши чунини уфунҳоро мавриди баҳс қарор доданд. Зикр гардид, ки дар ҳоли ҳозир беш аз ҳама Афғонистон ва Тоҷикистон ба пешгирӣ аз сирояти ин бемориҳо ниёз доранд. Дар Тоҷикистон эмкунии сартосарии моли ширкатҳо ва мардум гузаронида мешаванд, вале бархе аз бемориҳо аз Афғонистон вориди Тоҷикистон мешаванд.
Ширкаткунандагони нишаст қарор карданд, ки барои ҳамоҳангии кишварҳои мухталиф як маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад. Сармоягузории ин нишаст ва ташаббусҳои онро ҳукумати Итолиё ба воситаи Барномаи хӯрок ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳида дар ӯҳда дорад.
Сафаргули Олимӣ
XS
SM
MD
LG