Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷои кор ҳаст, вале одамон Русия мардикорӣ мераванд


Хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон шумораи умумии бекоронро 81 ҳазор нафар меномад, аммо дар ин адад шумораи бекорони ғайрирасмӣ дохил нест. Ноиби раиси Хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон Муртазо Бурҳонов низ тасдиқ кард, ки бо сабаби набуди мушоҳидаи доимии раванд, шумораи умумии бекоронро аниқ гуфтан мушкил аст. Ба назари вай лағви ҷубронпулӣ барои бекорон сабаби коҳиш ёфтани сабтиноми онҳо шудааст. Ҷаноби Бурҳонов гуфт, муроҷиати бекорон ба марказҳои Хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон низ кам шудааст, зеро ба онҳо ҷойҳое пешниҳод мешаванд, ки музди ночиз доранд. Тибқи қонун ҳамаи корхонаву муассисаҳо, қатъи назар аз шакли моликияти онҳо, бояд дар тайи даҳ рӯз аз озод шудани ин ё он ҷои кор ба Хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар диҳанд ва ин хадамот иттилоъро ба бекорон расонад, вале ҳеҷ яке аз корхонаву муассисаҳои кишвар ин корро намекунад ва гузашта аз ин кормандони Хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистонро, ки барои ҷамъ кардани иттилоъ ба дари онҳо мераванд, роҳ намедиҳанд. Бо ин ва дигар сабабҳо нақши Хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ёрӣ ба бекорон ночиз ва назарногир аст. Дар ҳоле шояд ҳазорон ҷои кори холӣ дар кишвар мавҷуд бошад, шаҳрвандон аз надоштани иттилоъ ба сафи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мепайванданд ва дар он ҷо иҷрои ҳама гуна кор, аз ҷумла корҳои паст ва сиёҳро низ бар зимма мегиранд.
XS
SM
MD
LG