Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Аскар Оқоев барои истеъфо


Бино ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Маскав, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон Аскар Оқоев ризоият додааст, ки аз мансабаш истеъфо медиҳад ва гуфтааст, рӯзи душанбе расман маросими истеъфо баргузор мешавад.
Рӯзи якшанбе як гурӯҳи порлумони Қирғизистон бо намояндагӣ аз ҳукумати муваққати ин кишвар бо Аскар Оқоев доир ба истеъфои ӯ музокирот анҷом дод. Истеъфои Аскар Оқоев як қадами муҳиме дар самти таъмини амнияти сиёсии Қирғизистон хоҳад шуд, ки моҳи гузашта баъди ошӯбҳо аз кишвараш фирор кард. Ҳукумати муваққатии Қирғизистон, ки аз намояндагони нерӯҳои мухолиф иборат аст, интихоботи нави президентӣ дар ин кишварро охири моҳи июн эълон кардааст, вале агар Аскар Оқоев истеъфо надиҳад, машрӯъияти ин интихобот зери суол қарор хоҳад гирифт.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав гузориш медиҳад, ки қарор аст пас аз гирифтани санади расмӣ доир ба истеъфои Аскар Оқоев порлумони ин кишвар поёни мӯҳлати президентии ӯро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG