Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқаррароти нави сафар ба Русия


Вазорати умури хориҷаи Русия эълом кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ибтидо аз 24 майи соли равон ба Русия танҳо бо доштани шиносномаҳои хориҷӣ, димпломатӣ ва дарёнавардӣ метавонанд сафар намоянд. Шиносномаи дохилӣ ва ё гувоҳномаи таваллуд дигар санади таъйидкунандаи ҳуввияти муҳоҷир буда наметавонад. Шаҳрвандони Русия низ ба Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тибқи ҳамин низом сафар хоҳанд кард.
Қарордоди низоми нави рафтуомад дар ин кишварҳо дар ҷаласаи ахири сарони давлатҳои Созмони иқтисодии Авроосиё 24 март дар Остона, пойтахти Қазоқистон ба имзо расидааст. Ин дар ҳолест, миллионҳо муҳоҷирони тоҷику қирғизу қазоқ дар Русия, ба сар мебаранд. Аксари онҳо шиносномаи хориҷӣ надоранд ва намедонанд, онро аз куҷо пайдо кунанд.
Дар робита ба эъломияи ахири вазорати умури хориҷаи Русия намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод хабар дод, ифтитоҳи бахшҳои шиносномадиҳӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба моҳи май дар назар аст. Ин бахшҳо дар шаҳрҳои Маскав, Санк-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Иркутск, Астрахан кушода мешаванд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG