Пайвандҳои дастрасӣ

Тасмими Феликс Қулов барои ширкат дар интихобот


Феликс Қулов, яке аз чеҳраҳои шинохтаи мухолифини Қирғизистон имрӯз гуфт, агар Додгоҳи Олии ин кишвар иттиҳомотеро, ки сабаби зиндонӣ кардани ӯ шуда буд, беасос эълом кунад, дар интихоботи ояндаи президентии Қирғизистон ширкат хоҳад кард.
Феликс Қулов ҳафтаи гузашта ҳангоми ошӯбу тазоҳурот, ки то ба сарнагун шудани раиси ҷумҳури Қирғизистон Аскаро Оқоев оварда расонд, таввасути тазоҳургарон аз зиндон раҳо карда шуда буд. Феликс Қулов, ки дар гузашта вазири амният ва муовини президенти Қирғизистон буд, соли 2000-ум ба сӯистифода аз мансаб ва дуздии амволи давлатӣ гунаҳкор дониста ва ба зиндон андохта шуд.
Ӯ ин иттиҳомотро, ки замони ҳукумати Аскар Оқоев ба ӯ эълон шуда буд, беасос шумурда мегӯяд, ки онҳо ангезаҳои сиёсӣ доштанд. Қарор аст 26-уми июни соли равон дар Қирғизистон интихоботи президентӣ баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG