Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тамринҳои низомиёни амрикоӣ дар Фахробод


Стивен Уиткомб - фармондеҳи артиши сеюми нерӯҳои мусаллаҳи Амрико бо Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи ин кишвар дидору гуфтӯгу анҷом додааст. Бино ба иттиллои дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар ин дидор мавзӯи густариши равобит ва ҳамкориҳои низомӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Заробиддин Сироҷев - сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, ба дунболи ин мулоқот Стивен Уиткомб аз машқгоҳи низомии Фахробод, 40 километрии ҷануби шаҳри Душанбе боздид ба амал овард ва бо гурӯҳи низомиёни амрикоӣ, ки дар ин машқгоҳ мустақаранд мулоқот анҷом дод.
Ба гуфтаи Заробиддин Сироҷев, бо кӯмаки молии низомиёни амрикоӣ ахиран машқгоҳи низомии Фахробод аз лиҳози фанниву низомӣ беҳтар гардонида шудааст. Гуфта мешавад, феълан дар ин машқгоҳ гурӯҳи низомиёни амрикоӣ дар заминаи шеваҳои разомороӣ ва роҳҳои баҳрабардорӣ аз имконоти машқгоҳи мазкур бо ҳамтоёни тоҷики худ табодули таҷриба мекунанд. Бори дуввум аст, ки Стивен Уитком баъди таъйин шуданаш ба мақоми фармондеҳи артиши сеюми Амрико дар соли 2004 аз Тоҷикистон боздид мекунад.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG