Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Акси нерӯ ва ё нерӯи аксҳои Заур Дахте


Ду воқеъае, ки дар ҳаёти Заур Дахте рух додаанд, ба Тоҷикистон аккоси моҳир ва аксҳои ҷолиб доданд. Аввал, ҳиҷрати иҷборӣ ба Ирон, ки сенздаҳ сол тӯл кашид. Заур Дахте соли 1936 дар Доғистон таваллуд шудааст. Ҳанӯз як сол ҳам надошт, ки волидонаш водор ба ҳиҷрат ба Эрон шуданд. Баъдан, онҳоро ба Тоҷикистон бозмегардонанд. Вале чун Заури ҷавон мехоҳад ҳавонавард шавад, собиқаи зисти ӯ дар Иронро ба назар гирифта дохилшавӣ ба донишгоҳ намегузоранд. Ва ӯ дар киностудияи Тоҷикфилм ба кор медарояд, баъдан дар Маскав дипломи кинооператорро мегирад ва кори худ дар Тоҷикфилмро идома медиҳад.

Дар ин даргоҳ, Заур Дахте дар наворгирии ҳудуди ҳафтсад филми ҳуҷҷатӣ ва сенздаҳ филми бадеӣ ширкат кардааст. Охирин филмашро соли 1991 дар Прага дар бораи профессор Иржи Бечка ба навор мегирад. Вале пас аз шурӯъи нооромиҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ киностудия дигар кор намекард. Ҳунарманди берун аз касби дӯстдоштамонда, Заур Дахте ба суратгирӣ оғоз менамояд. Ӯ мегӯяд, аз замони ҷавонияш аксбардорӣ мекард, вале танҳо пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ҷиддан ба ин кор даст зад. Аммо аввалин акси профессионалияш таърихи панҷоҳсола дорад.

Дар назди Донишгоҳи тиббӣ дар Душанбе духтари ба истилоҳи худаш паричеҳраеро мебинад ва ӯро хоҳиш мекунад, ки изни суратгирӣ бидиҳадаш. Акси нахустини Заур дар нашрия нашр мешавад, ҳамон вақт ба ифтихори парвози Гагарин ба кайҳон:
«Тасвир чунин буд, ки дар як коғази алоҳида моҳ ва ситораҳо кашида будам. Ва атрофи ин хонум сиёҳ буд. Ва чунин менамуд, ки ӯ ба осмони пур аз ситора менигарад. Мавзӯъи кайҳон.»

Соли 2003 намоиши аксҳои Заур Дахте дар маҷмааи Кохи Ваҳдат баргузор гардид ва ин барои нахустин бор дар Тоҷикистон буд, ки намоишгоҳи аксҳо доир мешуд. Ахиран, намоиши аксҳои Заур Дахте дар Чин, дар шаҳрҳои Урумчӣ, Пекин ва Бомбейи Ҳиндустон низ барпо шуд. Дар Чин ин нахустин умуман намоишгоҳи тоҷикӣ ва дар маросими ифтитоҳи он мақомоти баландпояи ин кишвар ширкат доштанд.

Дар Ҷопон намоиши ЭКСПО - 2005 боз мешавад ва Тоҷикистонро аз ҷумла аксҳои Заур Дахте намояндагӣ мекунад. Ҳамчунин, дар назар аст, соли оянда намоиши аксҳои ӯ дар Малайзия ва Австрия баргузор шаванд.
Заур Дахте, ҳамеша камерааш ҳамроҳаш ба ҳар як манзара, ба ҳар як шайъ ва ба ҳар чеҳраву ба ҳар як воқеъа бо нигоҳи аккос менигарад. Мегӯяд, аксгирӣ кори осон нест ва ҷаҳони тахайюли шахс бояд ки ғанӣ бошад, то зебоиро дарк кардаву тариқаи тасвири онро ба хубӣ донад. Аз як воқеъа дар Ҳиндустон, ба ҳини намоиши аксҳояш ёдовар мешавад:

«Яке аз докторҳое, ки онҷо аз минбар баромад мекард, гуфт, қабл аз мо ин ҷо дар бораи мусиқитерапия тақрирӣ хонда шуд, дар бораи рақстерапия гузориш буд, аммо ин суртҳои Доктор Заур ба мисли фототерапия мебошанд. Одам ин суратҳоро чун мебинад, ин манзараҳоро мебинад, ҳама фикри дунёро фаромӯш мекунад ва тамоми фикраш ба ин суратҳо банд мешавад.»

Мавзӯъи аксҳои ӯ низ ғанӣ аст, аз манзараҳои аҷоиби табиат шурӯъ карда то ба расму ойинҳои мардумӣ, чеҳраҳои маъруф, варзиш.
XS
SM
MD
LG