Пайвандҳои дастрасӣ

Рад шудани дархости паноҳандагии Ҳабибулло Насруллоев


Додгоҳи шаҳри Маскав дархости Ҳабибулло Насруллоев, собиқ раҳбари "Тоҷиматлубот" ва яке аз фармондеҳои собиқи Фронти халқии Тоҷикистонро, ки дар сари қудрат овардани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов нақш дошт, рад кардааст.
Додгоҳи Маскав рӯзи чоршанбе гуфтааст, оқои Насруллоев барои дарёфти мавқеи паноҳандагӣ далели кофӣ надоштааст. Собиқ раҳбари "Тоҷиматлубот" Ҳабибулло Насруллоев дар соли 2003 бо дархости Додситонии Кулли Тоҷикистон аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи тартиботи Русия боздошт гардид ва аз он замон то кунун дар боздоштгоҳи Лефортовойи шаҳри Маскав ба сар мебарад. Мақомоти додситонӣ ӯро дар хиёнат ба ватан, ширкат дар гурӯҳҳои низомӣ ва қатлу куштор муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG