Пайвандҳои дастрасӣ

Рақобати "Регар" бо тими Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷоми Ҷаҳонии Футбол


Мусобиқоти қаҳрамонии шоҳмоти Тоҷикистон миёни шатранҷбозони синнашон то 20-сола, ки дар шаҳри Душанбе нӯҳ рӯз идома кард, рӯзи панҷшанбеи 31-уми март ба анҷом расид. Зебо Улуғхоҷаева, саркотиби ин мусобиқот ба Радиои Озодӣ гуфт, бозиҳо бо ширкати беш аз 100 нафар писарону духтарон аз манотиқи мухталифи ин кишвар баргузор шуд. Дар сабқати духтарони шатранҷбоз Надежда Антонова аз шаҳри Душанбе, ки дар ҳамаи бозиҳо ғолиб омада, нӯҳ хол ба даст овард, муваффақ ба дарёфти медали тилло гардид.

Зайнаб Ҷумъаева, аз шаҳри Турсунзода ва Шаҳноза Умарова, аз шаҳри Душанбе бо ҳафтхолӣ мутаносибан ҷойҳои дуввуму севвумро ишғол карданд. Сабқати писарони шатранҷбоз бо пирӯзии Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев, аз шаҳри Исфара анҷом ёфт. Вай аз 9 бозӣ 8 хол ба даст овард.

Бозии дӯстона миёни дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва тими мунтахаби собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии меҳмонон ба поён расид. Вақти асосӣ бо натиҷаи мусовӣ 3 бар 3 анҷом ёфт. Голҳоро Мӯҳсин Муҳаммадиев, Фёдор Черенков, Андрей Пятнитский аз тими меҳмонон, Одил Эргашев, Сӯҳроб Ҳамидов ва Абдулло Умарбоев аз дастаи мизбонон ба ҳадаф расонданд.

Дар задани зарбаҳои ёздаҳметра собиқадорони футболи шӯравӣ маҳорати хуб зоҳир карда, бозиро бо ҳисоби умумии 8 бар 7 ба нафъи худ анҷом доданд. Ба ҷуз Мӯҳсин Муҳаммадиев, дар ҳайъати дастаи собиқадорони футболи шӯравӣ боз як дастпарвари футболи тоҷик Олег Ширинбеков ҳунарварӣ кард. Ҳарду дар шаҳри Маскав ба сар мебаранд. Ин бозии дӯстона дар ҳузури ҳазорон нафар ва дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии корхонаи алюмини тоҷик сурат гирифт.

Рӯзи чоршанбе марҳилаи навбатии бозиҳои интихобии мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии футбол, баргузор гардид, ки марҳилаи ниҳоии он тобистони соли оянда дар Олмон доир мешавад. Тими миллии футболи Узбакистон, ки ба ин марҳилаи бозиҳо ба сахтӣ роҳ ёфта буд, имконоти рафтан ба Олмонро қариб аз даст дод, зеро бозиро дар меҳмонӣ ба тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 2 бар 1 бохт. Акнун тими Узбакистон дар гурӯҳи худ бо як хол дар ҷойи охирин аст.

Тими футболи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо ҳамсояи Кореяи Ҷанубӣ Кореяи Шимолӣ вориди набард шуд, тими ин кишварро дар майдони худаш дар ҳузури 60 ҳазор нафар мухлис маъюс кард. Ин бозӣ бо ҳисоби сифр бар ду ба фоидаи футболбозони эронӣ хотима ёфт ва акнун тими Эрон бо 7 хол дар гуруҳи худ дар ҷойи аввал аст.

Тими миллии Англия дар майдони худ ба футболбозони озарбойҷонӣ раҳм накард ва онҳоро бо ҳисоби 2 ба сифр шикаст дод. Футболбозони Фаронса ба Исроил ба меҳмонӣ рафта ва бозиро бо рақиби худ дастаи ин кишвар бо ҳисоби 1 бар 1 мусовӣ анҷом доданд.

Юнон қаҳрамони феълии Аврупо тими миллии Албанияро бо ҳисоби 2 бар сифр мағлуб кард. Испания яке аз кишварҳои ошиқи футбол бозии чандон хубе нишон надод ва рақобати он бо дастаи Сербия ва Монтенегро бидуни гол, сифр бар сифр поён ёфт.

Бразилияву Уругвай низ бо ҳам қувва озмуданд ва ҳеҷ яке натавонист дигариро мағлуб кунад. Бозии ин ду даста низ мусовӣ анҷом ёфт. Тими миллии Русия, ҳамроҳи дастаи Эстония рақобат кард ва бо мусовӣ анҷом додани бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 шанси расидани худ ба марҳилаи асосии бозиҳои ҷаҳониро коҳиш дод.

Дастаи Арманистон кишвари дигари собиқ шуравӣ аз Ҳолланд бо дасти холӣ баргашт. Меҳмонон ба дарвозаи тими ин кишвар 2 голи беҷавоб заданд. Кишвари дигари қафқозӣ Гурҷистон низ дар майдони худ ба дастаи Туркия бо ҳисоби 2 бар панҷ мағлуб шуд. Дар маҷмӯъ рӯзи чоршанбе дар марҳилаи навбатии мусобиқоти ҷаҳонии футбол 32 бозӣ баргузор шуд ва марҳилаи ояндаи он моҳи июн шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG