Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Парасту" имсол ба боми Театри Опера ва Балет нишаст


Шоми 30 март дар Душанбе озмун фестивали театрҳои касбии "Парасту" анҷом ёфт ва шоҳҷоиза, ё худ Гран При барои нахустин бор дар таърихи беш аз 17-солаи озмун насиби театри касбии мусиқии опера ва балет гардид. Зери навои мутантан ва кафкӯбиҳову нидоҳои аҳсанофарин шоҳҷоиза ба Миралӣ Достиев - садри Театри мусиқии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дода шуд.

Ҷаноби Достиев, ки операи Ҷузеппе Верди «Травиата»-ро рӯи саҳна гузошт, ҳанӯз дар даст шоҳҷоизаи симинкӯби "Парасту" ба Радиои Озодӣ гуфт, пирӯзии ин театр маънии рӯ ба санъати опера овардани олами санъати касбии кишвар будааст. Талаб Сатторов, профессор мусиқишинос ва ректори Консерваторияи Миллии Тоҷикистон мегӯяд: «Тӯли 17 соли ахир, ки ин озмун баргузор мегардид, барои нахустин бор соҳиби шоҳҷоиза шудани Театри опера ва балет маънии рӯ ба санъати воқеан профессионалии ғарбу шарқ овардани Тоҷикистон аст.»

Театри давлатии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом театри русии Маяковскийи пойтахт мутаносибан ҷойҳои саввуму дуввумро ишғол карданд. Театри драммаи ба номи Лоҳутӣ бо намоишномаи «Нангбардори Хуҷанд» ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ҷоиза барои офаридани беҳтарин нақши зан ва мард мутаносибан насиби ҳунарманди театри Камоли Хуҷандӣ Сайрам Исоева ва ҳунарманди Театри ҷавонони Душанбе Тағоймурод Розиқов гардид.

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов мегӯяд, ҳарчанд тӯли умри ҳунарӣ баррандаи ҷоизаҳо зиёд будааст, аммо ин ҷоиза барои ӯ деринтизор буд: «Ман албатта дар ҳаяҷонам. Вале таъкид карданиам, ки ин озмун тӯли солхои ахири баргузории "Парасту" барои нахустин бор буд, ки бе фишор аз ҷониби касе ва ё таҳдидҳои муғризон анҷом пазируфт ва ҳайъати ҳакамон баҳои воқеӣ ба иштирокдорони озмун додаанд.»

Дар озмун барои ҷасорат театри навтаъсиси Дангара, барои беҳтарин драммаи миллӣ Барзу Абдураззоқов (Театри Камоли Хуҷандӣ), барои беҳтарин нақши дуввум, ё худ эпизодӣ, Ирина Колесникова (Театри русии Маяковский), барои беҳтарин ороиши мусиқӣ театри Хоруғ ва барои беҳтарин нақши лӯхтак театри Чкаловск барандаи ҷоиза шуданд. Ҷоизаи махсус ва мукофоти пулӣ дар бахши беҳтарин дром насиби Меҳмон Бахтӣ - садри Иттиҳоди Адибони Тоҷикистон гардид. Фаррух Қосимов - соҳиби ҷоиза барои беҳтарин режиссура шуд.
XS
SM
MD
LG