Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди САҲА барои ҳалли бӯҳрони Қирғизистон


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои ҳалли бӯҳрони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки музокироти миёни раҳбарони ҷадид ва Аскар Оқоев, раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишвар, ки дар Русия ба сар мебарад, ҳарчӣ зудтар анҷом шавад.
Дмитрий Рупел, раиси давраии САҲА дар конфронси хабарӣ гуфт, ки аз ибтикори парлумони Қирғизистон барои музокира бо ҷаноби Оқоев дар мавриди истеъфои ӯ пуштибонӣ мекунад. Вай афзуд, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо пуштибони анҷоми музокирот аст ва канор гузоштани Аскар Оқоев аз музокирот барои шароити бесуботи феълӣ хатарнок хоҳад буд.
Ба илова оқои Рупел гуфт, ки як давра аз ҷараёни сиёсии Қирғизистон пушти сар гузошта шудааст ва он давраест, ки марбут ба раёсатҷумҳурии ҷаноби Оқоев аст. Ин давра бояд ҳарчӣ зудтар расман такмил шавад.
Дар ҳамин ҳол дар эъломияе, ки аз тарафи ин созмон дар Бишкек интишор ёфтааст, таъкид шудааст, ки Созмони Аминят ва Ҳамкории Аврупо дар ҳар замон, ки лозим бошад, барои миёнҷигарӣ дар ҳалли бӯҳрони Қирғизистон кӯмак хоҳад кард. Ва ҳамчунин тамоми кӯмакҳои лозимро барои баргузории интихоботи демократӣ, мунсифона, озод ва шаффоф дар ихтиёри Қирғизистон қарор хоҳад дод.
Дар идомаи ин эъломия омдааст, ки гурӯҳи нозирони интихоботии ин созмон метавонанд, бори дигар ба Қирғизистон эъзом шаванд. Оқои Рупел гуфт, дар шароити ҳозира давлат бояд беш аз ҳар чиз дар фикри амният ва суботи Қирғизистон бошад. Дар айни замон имрӯз порлумони Қирғизистон як комиссияеро ташкил кард, ки он тадобири таъмини амният ва истеъфои расмии раисҷумҳури барканоршуда Аскар Оқоевро таҳия хоҳад кард.
Насибҷон Амонӣ, Бишкек
XS
SM
MD
LG