Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши шумори талабгорони нерӯи барқи Тоҷикистон


Таваҷҷӯҳи бархе кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Покистон барои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон аз хеле замон вуҷуд дорад. Вале ба далели мушкилоти хос дар муносиботи кишварҳо авзои дохилии Тоҷикистон ин кор ғайримумкин буд. Покистон аз соли 1991 барои саҳм гирифтан дар бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун изҳори омодагӣ карда буд. Аммо мушкили аслӣ дар миёни ду кишвар ихтилофи назари онҳо дар сари қазияи Афғонистон буд. Пуштибони аслии Ҷабҳаи шимоли Афғонистон Тоҷикистон ва ҳамин тавр илҳомбахши гурӯҳи Толибон Покистон маҳсуб мешуд, ки табъан ҳар гуна барномаи ҳамкории ду кишварро хатчадор карда буд.

Акнун бо рафъи нисбии мушкили Афғонистон роҳ барои густариши ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Покистон низ ҳамвортар шудааст. Таваҷҷӯҳи кишварҳо барои саҳм гирифтан дар бунёди нирӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ба назари Қосимшоҳ Искандаров, мудири Маркази мутолиоти минтақавии Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон як амри табиист, зеро Тоҷикистон бештар аз 60 дар сади манобеи оби Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад ва ояндаи рушди ин кишвар низ аз ҳар ҷиҳат ба кор гирифтан аз ҳамин манобеъ бастагӣ дорад.

Аммо дар айни ҳол, мегӯяд ӯ, талоши кишварҳо барои саҳм гирифтан дар ин барномаҳо як нав сабқати қудратҳо ва блокҳо барои тасарруфи бозор аст, ки Тоҷикистон бояд аз он пурсамар истифода кунад: "Русияву Эрон бо Тоҷикистон дар заминаи тавлиди нерӯи барқ созишномаҳои бузург имзо кардаанд ва дигар кишварҳо низ мехоҳанд, аз нерӯи барқе, ки дар оянда дар Тоҷикистон тавлид мешавад, мафод бигиранд. Аз сӯи дигар, ҳадафҳои геополитикӣ низ ҳаст ва масалан кишварҳои аврупоӣ, ки созмонҳои онҳо, барномаҳои бузург дар Тоҷикистон надоранд, мехоҳанд, ҳадди аққал кишварҳои хурди тарафдори онҳо дар Тоҷикистон ҳузури иқтисодӣ дошта бошад."

То кунун Эрон ва Русия барои саҳм гирифтан дар бунёди ду-се нирӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон созишнома ба имзо расонидаанд. Аз ҷумла қарор аст бо ширкати Эрон нирӯгоҳи барқи обии Сангтӯда- 2 ва бо мусоидати Русия нирӯгоҳи Сангтӯда-1 ва Роғун бунёд шавад. Ин ҳама ба назари таҳлилгарон, кишварҳои дигарро низ ташвиқ кард, то ба бахши энержии обии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ дошта бошанд.

Аз ҷумла, Туркия низ изҳор кардааст, ки мехоҳад, дар рӯдхонаи Панҷ як нирӯгоҳи барқи обӣ бо арзиши барномавии 400 миллион евро бунёд кунад. Барномаи эҳдоси нирӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаи Панҷ аз замони шӯравӣ вуҷуд дошт, вале ҳеҷ гоҳ амалӣ нашуда буд. Рӯдхонаи Панҷ ҳамзамон навори марзии миёни Тоҷикистон бо Афғонистон маҳсуб мешавад ва сохтмони ҳар нирӯгоҳе дар ин рӯдхона бояд бо мувофиқаи ду ҷониб сурат бигирад.

Оқои Искандаров мегӯяд, Бунёди нирӯгоҳ дар рӯдхонаи Панҷ як барномаи ҳасосиятбарангез аст ва имкон дорад, бо мухолифати бархе кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва Афғонистон рӯ ба рӯ шавад.

Аммо Ғафури Искодарӣ - сухангӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ҳамчунон ба муваффақияти ин барнома умедвор аст. Вале Покистон ба гуфтаи мақомоти он кишвар ҳанӯз агарчӣ дар мавриди сармоягузорӣ дар эҳдоси ниругоҳҳои Тоҷикистон тасмим нагирифтааст, аммо як тафоҳумнома дар заминаи бунёди хати интиқоли барқ аз Роғун ба Покистонро тавассути Вахондара бо тӯли 700 километр ба имзо расонидааст, ки баёнгари манфиатдории он кишвар дар бунёди нирӯгоҳҳои Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG