Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагӣ барои маҳви террористон дар Қубодиён


Омодагӣ ба машқҳои низомии кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ «Марз-2005», дар минтақаи Эшакмайдони ноҳияи Қубодиён, 180 километрии ҷанубу ғарби Душанбе, идома доранд. Дар ин машқгоҳ нирӯҳои зудамали чаҳор кишвари узви созмони мазкур, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон мустақар гашта ва барои намоиши қудрати низомии кишвари худ дар машқҳо, ки қарор аст рӯзи 6 апрел дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбарияти нирӯҳои ҳарбии кишварҳои узви Паймони Амнияти дастаҷамъӣ доир шавад, омодагӣ мегиранд.
Дар минтақаи размоиш, силоҳу лавозимоти нирӯҳо дар маҳалҳои алоҳида ҷойгир шудаанд, ки бештарини онҳо аз силоҳу лавозимот ва техникаи муосири Русия иборатанд.
Амиралӣ Муродов, сардори ситоди машқҳои низомии вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, доир ба марҳилаи дуввуми машқҳо гуфт: "Аз тарафи террористон қатори роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Тирмиз, ки маҳлули хлор дорад, тарконда мешавад ва наҷотбахшон барои ҷилавгирӣ аз зиёни хлор ба мардум маҳалли ҳодисаро мешӯянд."
Ба гуфтаи Амиралӣ Муродов, аз ҳадафҳои аслии машқҳои низомӣ тамрини маҳви террористон ва гурӯҳҳои харобкор аст.
Барот Юсуфӣ, Қубодиён
XS
SM
MD
LG